Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифат ба афзоиши ҳаққи хадамоти ширкатҳои мобилӣ


Бархе аз вакилони порлумони Тоҷикистон ба 3 дарсад боло рафтани ҳаққи хадамоти ширкатҳои мобилӣ мухолифат нишон доданд.

Исмоил Талбаков, узви кумитаи иқтисод ва буҷаи Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон гуфт, ки дар робита ба афзоиш ёфтани ҳаққи хадамоти ширкатҳои мобилӣ ба муштариён, ба ин ниҳод шикоятҳо ворид шудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ, ҷаноби Талбаков мӯътақид аст, ки боло бурдани ҳаққи хадамоти ширкатҳои мобилӣ, ба коҳиш ёфтани теъдоди муштариёни онҳо дар кишвар мунҷар хоҳад шуд.

Вай пешниҳод мекунад, ки ширкатҳо ба ҷои ин, ки се дарсад ҳаққи хадамоти худро боло баранд, аз ҳисоби хароҷоти умумии худ ин андози аксизиро пардохт ва бори гарон ба болои китфи ларзони муштариёни худ нашаванд.



Дар моҳи ноябри соли гузаштаи 2010 порлумони Тоҷикистон тарҳи қонун дар бораи ситонидани молиёти седарсадии аксизӣ аз истифодаи телефонҳои мобилӣ ё ҳамроҳро пас аз баҳси тӯлонии намояндагони мардумӣ ба тасвиб расонд.

Азбаски ин масъала ба бархӯрди шадиди бархе аз намояндагони мардумӣ рӯбарӯ шуд, ин қонун ба ин шарт ба тасвиб расид, ки давлат талош кунад то қимати нархномаҳои хизматрасонӣ барои телефонҳои ҳамроҳ аз сӯи ширкатҳои телефонӣ боло бурда нашавад.

Дар сурати ғайр, раиси парлумон гуфт, ки пас аз се моҳ ба ин масъала бархоҳанд гашт. Дар он ҷаласаи порлумон вақте Шукурҷон Зуҳуров аз вазири молия пурсид, ки ба кадом роҳ онҳо талош хоҳанд кард то ширкатҳои телефонҳои мобилӣ нархномаҳои худро боло набаранд, Сафаралӣ Наҷмуддинов дар посух гуфта буд: « Ин кор аз ҷониби хадамоти зидди инҳисории давлат бо тасдиқи нархномаҳо анҷом дода хоҳад шуд, зеро ин хадамот ҳаққ дорад воқеъияти нархномаҳоро баррасӣ карда баъд тасдиқ кунад.»

Ба гуфтаи вазири молия, роҳандозии андози аксизии сефоиза ба давлат имкон медиҳад солона 30 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ба будҷа ворид шавад, ки ин маблағҳо ба гуфтаи вазир, барои коҳиши мизони камбизоатӣ равона хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба ақидаи коршиносон, роҳандозии ин қонун танҳо имкон дорад ин се фоизи андози аксизӣ аз ҷайби дорандагони телефонҳои ҳамроҳ ситонида шавад, зеро талаби қонун ҳамин аст.

Зимнан ширкати мобилии “Tcell” дар Тоҷикистон сар аз якуми феврали соли ҷорӣ ҳаққи хадамот ба муштариёнашро се дарсад боло бурдааст.

Ширкати “Babilon-M” низ тасмим дорад, ки аз 11-уми феврал ҳаққи ҳамагуна хидматрасонӣ ба муштариёнашро боло бубарад.

Хадамати зиддинҳисории Тоҷикистон боло рафтани ҳаққи хадамоти мобилӣ дар кишварро қонунӣ меҳисобад.

Омори расмӣ аз он ҳикоят мекунад, ки дар соли 2011 теъдоди истифодабарндагони алоқаи мобилӣ 5 миллиону 940 ҳазорро ташкил додааст. Феълан дар Тоҷикистон аз 11 ширкати мобилӣ, 8 ширкат фаъолият дорад.
XS
SM
MD
LG