Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 қочоқбари инсон дар Душанбе


Дар Душанбе фаъолияти як ҳалқаи қочоқи инсонро хунсо кардаанд. Ношири ин хабар, “Азия Плюс” аз қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқ навишт, ки сокини пойтахт Шӯҳрат Абуалимов ва ду хешованди ӯ ба он айбдор мешаванд, ки духтарони тоҷикро ба мақсади танфурӯшӣ ба Имороти Араб мебурданд. Бино ба ин хабар, ин гурӯҳ ду зани яке 30- ва дуввумӣ 28-соларо ба Дубай бурда, аз роҳи фурӯхтани онҳо ба мизоҷони мухталиф 25 000 доллар ба даст овардаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 530 мавриди марбут ба қочоқи инсон кашф шудааст.
XS
SM
MD
LG