Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи лижаронҳои тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ


Дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ, ки дар Қазоқистон бо ширкати варзишгарони 27 кишвари қора дар 11 навъи варзиш ҷараён доранд, Тоҷикистонро ду нафар – Алишер Қудратов ва Абдуғаффор Шарифов дар лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ мекунанд.

Ҳарду варзишгари тоҷик 1-уми феврал дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи супер-гигант ширкат варзиданд. Дар ин сабқат 24 варзишгар аз 14 кишвар ҳунарнамоӣ карданд ва 20 нафар ба марра расиданд.

Алишер Қудратов бо натиҷаи 1 дақиқаю 15,83 сония ҷои 11-ум ва Абдуғаффор Шарифов бо натиҷаи 1 дақиқаю 20,91 сония ҷои 15-умро касб карданд.

Игор Закурдаеви қазоқистонӣ бо натиҷаи 1:04,61 ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тиллои бозиҳо сарфароз гардид. Ҳамдиёри ӯ Дмитрий Кошкин бо натиҷаи 1:05,27 дуввум шуд ва соҳиби медали нуқра гашт. Муҳаммад Киёдорбандсарии эронӣ бо натиҷаи 1:07,52 дар мақоми саввум қарор гирифт ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Лижаронҳои тоҷик боз дар навъи дигари рақобатҳо, ки 3-юми феврал баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

То ҳоло варзишгарони 6 кишвар медалҳои бозиҳоро ба даст овардаанд. Дастаи мунтахаби мизбон – Қазоқистон , ки ҳамагӣ 27 медал – 10 тилло, 10 нуқра ва 7 биринҷӣ гирифтааст, дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои аввал мебошад. Мунтахаби Чин бо касби 14 медал – 5 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ дар ҷои дуввум қарор дорад. Тими Ҷопон бо касби 11 медал - 5 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷои саввум аст. Дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо касби 15 медал – 3 тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ дар ҷои чаҳорум мебошад. Тимҳои Эрон ва Муғулистон ҳар кадом як медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар шаҳрҳои Остона ва Алматии Қазоқистон то 6-уми феврал идома хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG