Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабаргузории "Авесто" ба Ҷамшед Улмасов гузашт


Зафар Абдуллоев, муассиси хабаргузории мустақили “Авесто” ин ожонсро ба ҷамъияти “Муҳаммад Билол”-и Ҷамшед Улмасов, сардабири нашрияи “Бизнес и политика” додааст.
Зафар Абдуллоев ба Радиои Озодӣ гуфт, далели аслии даст кашидани ӯ аз идомаи идораи умури ин хабаргузорӣ мушкилоти молист: “Солҳои охир хабаргузорӣ дар панҷаи мушкилоти моливу иқтисодӣ қарор дошт. “Авесто” ҳамеша зиёновар буд ва хароҷоташ дар оғоз аз ҳисоби кумакҳои созмонҳои байналмилалӣ пӯшонида мешуд. Вале баъди бӯҳрон, яъне аз соли 2008 ба ин сӯ, кори хабаргузорӣ хеле заиф шуд.”
Хабаргузории “Авесто” 6 сол пеш таъсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG