Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз 80-солагии Борис Елтсин дар Екатеринбург


Имрӯз 80-солагии Борис Елтсин, нахустин президенти Русия аст. Раиси феълии ин ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев Елтсинро як нафари “ақидатманд ва боирода” ба қалам додааст, ки алорағми тамоми мушкилот дар солҳои 90 Русияро дар масири демократия нигоҳ дошт: “Борис Николаевич, бидуни шакк, як марди ҷасуру қотеъ буд. Нирӯи иродаи Елтсин ба кишвари мо кумак кард, ки дар як даврони хеле сахт тоб биорад. “
Медведев имрӯз аз муҷассамаи Борис Елтсин дар зодгоҳи ӯ, шаҳри Екатеринбург, парда бардошт. Елтсин аз соли 1991 то поёни соли 1999 раҳбарии Русияро бар ӯҳда дошт ва дар шаби Соли нав истеъфо дода, идораи умурро ба ворисаш Владимир Путин супурд.
Борис Елтсин моҳи апрели соли 2007 дар синни 76 бар асари сактаи қалб даргузашт.
XS
SM
MD
LG