Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак ҳокимиятро сар намедиҳад


Дар Миср рӯзи ҳафтуми тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди ҳокимияти Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури ин кишвар идома дорад. Бино ба гузоришҳо ҳазорон нафар тазоҳуркунандагон боз ҳам дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳира гиридиҳам омадаанд. Бо вуҷуди ҷорӣ будани қуюди шабгардӣ баъзе одамон шабро дар ин майдон рӯз кардаанд. Тазоҳуркунандагон истеъфои Ҳуснӣ Муборакро, ки 30 сол дар ин кишвар ҳукм ронд, тақозо доранд. Рӯзи якшанбе Муҳаммад Бародеӣ-яке аз раҳбарони мухолифон дар майдони Таҳрир хитоб ба тазоҳурунандагон чунин гуфт:

"Ман имрӯз омадам, то дар хушбахттарин рӯз дар зиндагиамон ба шумо бипайвандам. Имрӯз шумо ҳамчун мисрӣ дубора ҳуқуқи худ ва озодиро ба дасти худ мегиред. Он чӣ шурӯъ шудааст, ба ақиб барнамегардад".


Муҳаммад Бародеӣ барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аст ва то гузаштаи наздик раёсати Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ бар ӯҳда дошт. Аз оғози тазоҳурот то ҳол дар Миср бештар аз 100 нафар кушта шудаанд. Бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ба шаҳрвандонашон ҳушдор додаанд, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба Миср худдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG