Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 асари таърихии тоҷиконро дуздиданӣ буданд


Маъмурони гумрук дар фурудгоҳи Хуҷанд аз қочоқи чаҳор кӯзаи қадимӣ, ки аҳамияти таърихӣ дорад, ҷилавгирӣ кардаанд.

Нурулло Шарифов, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба "Озодӣ" гуфт, як сокини кишвар мехост ин чаҳор кӯзаро, ки берун бурданашон аз кишвар мамнӯъ аст, ба Маскав интиқол бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти интизомии кишвар беш аз 100 ашёеро, ки арзиши фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, барои ташхис пешниҳод кардаанд.



Ташхиси 100 ашёе, ки боздошт шудааст

Музаффар Азизов, сарвари шӯъбаи ҳифозат ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии ин вазорат ба "Озодӣ" гуфт, хадамоти гумрук, вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии Турсунзодаву Кӯлоб, Панҷу Панҷакент ва дигар нукоти кишвар ашёеро боздошт кардаанд, ки арзиши таърихиву фарҳангӣ доранд.

"Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳамаи онҳоро мусодира мекунему ба осорхона медиҳем. Агар қонуншиканӣ шуда бошад, додгоҳ муайян мекунад ва қарор мебарорад, ки мусодира карда шавад. Он гоҳ ба вазорати фарҳанг медиҳанд ва вазорат онҳоро ба осорхонаҳо тақсим мекунад",- афзуд ӯ.

Оқои Азизов гуфт, ин ашё умдатан аз дастхатҳои қадимаи чопи сангӣ, антиқӣ, аз қабили сиккаву зарфҳои мисӣ ва либосҳое, ки ба асри 19 ва ибтидои асри 20 мансуб ҳастанд, иборатанд ва ҳудуди 20 ҳазор сомонӣ арзиш доранд.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ба хориҷи кишвар интиқол додани ашёе, ки таърихи беш аз 50-сола доранд, бидуни иҷозаи расмӣ имконнопазир аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи Эъломияи сарватҳои фарҳангӣ, ки аз сӯи Созмони милал қабул шудааст ва соли 1992 дар Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, ашёи беш аз 100-сола сарвати фарҳангии ин ё он кишвар шуморида мешаванд.

Баҳси "Хазинаи Амударё"

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон қаблан бо Бритониё ва Русия масъалаи бозгардонидани "Хазинаи Амударё" ва нигораҳои тоҷикии Эрмитажро ба миён гузошта буд. Музаффар Азизов мегӯяд: "Бо Бритониё, албатта, бо назардошти вазъи сиёсии замони интиқол додани "Хазинаи Амударё" мушкил дорем. Боз қонунгузории он кишвар дигар аст. Аммо бо Русия музокирот ва ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад."

Оқои Азизов гуфт, баъд аз фаъол шудани Осорхонаи нави миллӣ, ки дар арафаи ҷашни истиқлол дар назар аст, масъалаи аз Эрмитажи Русия овардани нигораҳои мансуб ба Тоҷикистон ҳалли худро хоҳад ёфт.
Музаффар Азизов гуфт, ашёи боздоштшуда моликияти афроди алоҳида ҳастанд, ки сокини Тоҷикистон мебошанд ва дар миёни онҳо моли осорхонаҳои кишвар ба назар намерасад.

Соли гузашта мақомоти Тоҷикистон 77 ашёи аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дуздидашударо боздошт кардаанд, ки ба қавли оқои Азизов, ба вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои муайян кардани арзиш пешниҳод шудаанд. Вай гуфт, ҳифозати осорхонаҳои кишвар дар ҳоли ҳозир ташдид ёфта, мавориди дуздӣ дигар рух надодааст.
XS
SM
MD
LG