Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Миср то Тоҷикистон - чанд қадам?


Тоҳири Сафар
Тоҳири Сафар

Агар чанд сол пеш аз мардум дар бораи воқеаҳои сиёсӣ мепурсидед, шояд аксарияташон мегуфтанд, “маро ба ҳолам гузоред, ман ба сиёсат кор надорам.” Аммо имрӯз бе истиҳола ба суолҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии шумо ҷавоб мегӯянд. Баъд аз пурсиши як суол аз тариқи портали иҷтимоии "Мой Мир" танҳо 6 соат кофӣ буд, ки сели назару шарҳҳо роҷеъ ба тазоҳуроти Миср ва таъсири он ба кишварҳои дигар ба сафҳаи Радиои Озодӣ дар "Мой Мир" ҷорӣ шавад.

Маҳмудшоҳ Кабиров аз беадолатиҳо дар ҷаҳони араб навиштааст, ки "тафовут миёни табақаи доро ва табақаи камбизоат зиёд аст, ҳокимон аз ҳисоби молиёти манобеи миллӣ сарватманд мешаванд, касе ба доди бекору мискин намерасад".

Аълохон Азимов хушҳол аст, ки "ҷаҳони араб бедор шуд" ва мегӯяд, "зулму золимӣ, фасоду ришвахорӣ ва хешу таборгароӣ дер давом намекунад ва рӯзе аз решаву бунёдаш барканда мешавад".

Бисёре аз ин мардум бовар доранд, ки рӯйдодҳои Миср ба Тоҷикистон ҳам таъсир хоҳад гузошт, аммо касеро ба майдонҳо нахоҳад кашид. Зеро ба гуфтаи Фузайл Ҳусейнов “Мы прошли этот урок пролили много крови наших людей думаю не повторится” ("Мо ин таҷрибаро аз сар гузаронидем, хуни зиёде аз мардуми мо рехт").

Корбари дигар, ки худро Ибодулло Назаров муаррифӣ кардааст, мегӯяд, “сатҳи огаҳии мардум дар Тоҷикистон чунон нест, ки фарҳанги тазоҳур дар онҳо шакл гирифта бошад, яъне ба назари ман гарчӣ мардум норозӣ ҳастанд, вале (фарҳанги) баёни норизоиятро надоранд”.

Иқтибоси шарҳҳои корбарон, (агарчӣ ҷолиб ва аз 10 саҳифа ҳам бештар аст) ин навиштаро тӯлонӣ мекард, ки, албатта, ҳавсалаи хондани мақолаҳои тӯлониро надоред.

Вале ҷолиб ин аст, ки дар ин ҳама навиштаҳо, касеро ба тазоҳуроту хушунат даъват намекунанд, (ба истиснои як-ду нафар, ки аз мардуми Тоҷикистон хостаанд, ба мисриҳову тунисиҳо пайравӣ кунанд), тавҳин ҳам ба унвони ҳукуматдорон нест, фақат ҳушдор ва гӯшзади нарме ба ҳукумат аст, ба мисли ин ки ҳодисаҳои Миср бояд ба ҳукумати Тоҷикистон дарс шавад. Зеро ба навиштаи онҳо, рӯзе не рӯзе “сабру тоқати тоҷикон ҳам ба поён мерасад ва ҳодисаи Миср дар Тоҷикистон такрор мешавад...”

Ба андешаи дигарӣ, “Шояд ин ҳаводис ба кишвари мо таъсире накунад, вале агар шароит ба ҳамин минвол идома кунад, аз эҳтимол дур нест, ки ин мусибат ба сари мардуми мо ҳам биёяд”.

Онҳое, ки чунин ҳушдор додаанд, вазъи Тоҷикистонро бо Миср монанд мекунанд ва ин гуна далел меоранд, “оддитарин шароит дар мулкамон таъмин нест, аз барқ, оби гарм, маоши ночиз ва ғайра. Аз гуфтан забонамон лол монда, вазифадорон танҳо дар ғами пур кардани киса, халқи бечора хизматгори дигар миллат...”

Дигаре аз он шиква мекунад, ки “вақте ба тиҷорат машғул мешавӣ ҳар ҳафта як галстукдор меояду кисаро холӣ карда меравад.” Дар ин ҷо чизи дигари муҳим шеваи оромонаи ибрози назар (ба истиснои чанд нафар, ки дашном ҳам фиристодаанд) ва таваққӯи онҳост, ки аз ҳукумати Тоҷикистон бештар шудааст.

Пештар бешак ин мардум мегуфтанд, бо вуҷуди ҳама сахтиву машаққатҳо шодмонанд, ки дар ватани азизашон, ки ҷанги харобиовари хунини шаҳрвандиро пушти сар кардааст, оромиву сулҳ доранд.

Аммо ҳоло ин гуфтаро такрор намекунанд ва аз ҳукумат мехоҳанд, худрову шеваҳои сиёсаташро ислоҳ кунад, то ба сарнавишти Миср дучор нашавад. Зоҳиран ин муҳоҷират аст, ки таваққӯи онҳоро аз ҳукуматдорон зиёд кардааст.

Зиндагии беҳтар дар Русия, ҳадди аққал хонаҳои таъмин бо нерӯи барқ ва оби сарду гарм аст, ки назари муҳоҷиронро ба хонаҳои сарду бебарқ ва зиндагии бешароити оддӣ дар рустоҳои Тоҷикистон иваз мекунад.

Ҳамин муҳоҷират аст, ки ҳоло шиддати иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро фурӯкаш кардааст, вале табиист, ки ҳамаи муҳоҷирон умри худро дур аз ватан ва наздикон сипарӣ карданӣ нестанд, имрӯз ё рӯзи дигар бармегарданд ва ҳамон таваққӯъ ва хостаҳояшонро аз ҳукумати кишвари хеш хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG