Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ шурӯъ шуданд


Дирӯз дар шаҳри Остона расми ифтитоҳи бозиҳои 7-уми зимистонаи Осиёӣ
баргузор шуд. Дар ин маросим раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суханронӣ кард ва гуфт, ки Бозиҳо бузургтарин сабқати варзишгарони қорае хоҳад буд, ки нисфи аҳолии олам дар он ҷо ба сар мебаранд.
Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ то 6 феврал дар шаҳрҳои Остона ва Алмаатои Қазоқистон баргузор хоҳанд шуд ва тақрибан 2-ву ним ҳазор варзишгари қора аз рӯи 11 навъи варзиш бо ҳам рақобат мекунанд.
Дар бозиҳои зимистона се варзишгар – Алишер Қудратов, Абдуғаффор Шарифов ва Баҳриддин Ғойибов аз Тоҷикистон намояндагӣ хоҳанд кард. Пештар хабар дода мешуд, ки варзишгарони тоҷик даҳ рӯз қабл ба Қазоқистон сафар ва дар он ҷо тамрин хоҳанд кард, зеро дар пойгоҳи лижаронии Такоб ба таври кофӣ барф набуд. Ва аммо миёнаҳои моҳ барфи зиёд борид ва варзишгарони тоҷик имкон пайдо карданд, ки тамринро дар худи кишвар идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG