Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародаӣ бо ҳукумати Ҳуснӣ Муборак музокира мекунад?


Бузургтарин ҷунбиши мухолифони Миср Ихвон-ул-Муслимин гуфт, мувофиқ аст, то Муҳаммад Ал-Бародаӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аз тарафи мухолифон бо ҳукумати гирифтори Ҳуснӣ Муборак музокира кунад. Иссом Ал-Ирён, яке аз пешвоёни Ихвон-ул-Муслимин, ки фаъолияташ дар Миср мамнӯъ аст, имрӯз дар ҳоле эълом дод, ки даҳҳо ҳазор тазоҳургар ба майдони марказии Таҳрири Қоҳира рехта ва истеъфои Ҳуснӣ Муборакро талаб доштанд. Бо вуҷуди муқаррароти манъи рафтуомад дар Миср, тазоҳурот дар шаҳрҳои кишвар бузургтар мешаванд. Муҳаммад Ал-Бародаӣ, раиси собиқи Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, рӯзи 27 январ аз шаҳри Венна ба Миср бозгашта ва гуфт, дар сурати дархост аз ӯ метавонад дар гузори сиёсӣ кӯмак кунад. Пеш аз ин дар шаби гузашта, Миср шоҳиди ғоратгариву бенизомиҳои зиёд шуд ва имрӯз ҳузури нерӯҳои артиш дар хиёбонҳо тақвият ёфт. Ҷузъиётро дар идомаи барнома мешунавем.
XS
SM
MD
LG