Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолланд тамосҳо бо Эронро мутаваққиф кард


Ҳукумати Ҳолланд эълом кард, ки бинобар иҷрои ҳукми эъдоми як зани эронитабори ҳолландӣ, муносибот бо Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳоли таълиқ меорад. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҳолланд гуфтааст, кишвараш баъди дарёфти таъйиди хабари қатли Заҳро Баҳромӣ тасмим гирифт, тамоми тамосҳо бо Эронро мутаввақиф кунад. Ба гузориши телевизиони давлатии Эрон, Заҳро Баҳромиро барои нигаҳдорӣ ва фурӯши маводи мухаддир қатл карданд. Заҳро Баҳромӣ, шаҳрванди Ҳолланд, моҳи декабри соли 2009 барои пайвастан ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Теҳрон боздошт шуд. Ӯ он вақт ба аёдати наздиконаш рафта будааст.
XS
SM
MD
LG