Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии 7 тарафдори мухолифини Белорус аз зиндон


Мақомоти Ҷумҳурии Белорус, ҳафт нафар аз тарафдорони мухолифин, аз ҷумла, Владимир Некляев, номзади собиқ ба мақоми раиси ҷумҳурро озод кардаанд. Ин афрод моҳи декабр дар тазоҳуроти баъди интихоботи раёсати ҷумҳур, ки дар он Александр Лукашенко пирӯз шуд, дастгир шуданд. Раҳоии ин афрод, зоҳиран таҳти фишори Иттиҳодияи Аврупо сурат гирифтааст, ки эълом кард, барои саркӯбии бераҳмонаи тазоҳургарон, дигарбора додани раводиди сафар ба Александр Лукашенко ва дигар аъзои ҳукуматашро мамнӯъ мекунад. Амрико низ бо талаби раҳоии боздоштшудагон, гуфтааст, масъалаи эъмоли таҳрим алайҳи Ҷумҳурии Белорусро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG