Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашид Ғанушӣ баъди 20 соли ғурбат ба Тунис бозгашт


Раиси як созмони умдаи исломии Тунис, Рашид Ғанушӣ, пас аз 20 соли ғурбат имрӯз ба ватанаш бозмегардад. Ӯ ки дар шаҳри Ландан ба сар мебурад, баъди барканории Зайнулобиддин Бин Алӣ, раиси ҷумҳури Тунис дар ошӯбҳои моҳи январ имкони бозгашт ба кишварро пайдо кард. Фаъолити ҳизби Бедории Ғанушии 69-сола дар замони раёсати ҷумҳури Бин Алӣ мамнӯъ буд. Лағви маҳдудият дар фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар Тунис аз тарафи ҳукумати муваққат, роҳи Ғануширо барои бозгашт боз кард. Рашид Ғанушӣ мегӯяд, ҳизбаш ҳоло мисли Ҳизби Адолат ва Тараққиёти Туркия аст.
XS
SM
MD
LG