Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи амалиёти "шиноснома" дар Душанбе


Дар ҳудуди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон амалиёти вижаи “Шиноснома” идома дорад.

Ҳадаф аз он ошкор кардани афродест, ки дар ин ҷо бе қайди расмӣ иқомат мекунанд.

Дар ҷараёни ин амалиёт ҳамчунин афроде, ки ғайриқонунӣ аз манозили маскунӣ истифода мекунанд, ошкор карда хоҳанд шуд. Дар сурати ошкор шудани афроде, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд, аз рӯи қонунҳои кишвар ба ҷавобгари кашида хоҳанд шуд.

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои гузаронидани ин амалиёт як ситоди вижа таъсис ёфтааст, ки ба он маъмурони амниятӣ, пулис, раёсати андоз шомил буда, раҳбарии онро Насрулло Хайруллоев, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе ба ӯҳда дорад.

Бар асоси омори расмӣ, дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон. бештар аз 730 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Вале бар асоси иттилои манобеи ғайрирасмӣ, дар пойтахти кишвар зиёда аз як миллион нафар зиндагӣ мекунанд, ки шаҳрдорӣ дар таъмини онҳо бо нақлиёти мусофирбар, оби ошомиданӣ, хадамоти коммуналӣ ва барқ азият мекашад.

Амалиёти "Шиноснома" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:37 0:00

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG