Раҳбари ин ниҳод, генерал Рустам Назаров, мегӯяд, сардори Раёсати Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал Файзулло Абдуллоев, ба далели аз худ кардани хонаи хизматӣ дар шаҳри Хуҷанд аз вазифа барканор шуд.
Ин эълон дар ҳоле садо медиҳад, ки аз истеъфои Абдуллоев се моҳ гузаштааст.
«Барои он кас хонаи хизматӣ ҷудо шуда буд, аммо маълум не, ки бо кадом сабаб бо қарори шаҳрдории Хуҷанд онро хусусӣ гардондаанд. Аз ин хотир, аз вазифа барканор шуданд».
Оқои Назаров афзуд, хонаро оҷонсӣ бозгирифта, дар ихтиёри раиси нави раёсат дар Суғд гузоштааст.
Генерал-майор Файзулло Абдуллоев дар гузашта муовини аввали раиси Оҷонси назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди раёсатиҷумҳур, сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд.
Худи генерал сабаби истеъфои худро расман шарҳ надодааст ва барои хабарнигорон дастнорас боқӣ мондааст. Коршиносон мегӯянд, иллати барканории Файзулло Абдуллоев метавонад, аз шарҳи расмӣ тафовут дошта бошад.