Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тэд: Мушкил бо қонун ҳал намешавад


Элдер Тед, донишманди англис
Элдер Тед, донишманди англис

Элдер Тед, донишманди англис, бо чопи як китоб роҳҳои содаи тарбияи фарзандонро барои хонаводаҳои тоҷик пешниҳод кардааст.

Ҷаноби Тед 13 сол дар Узбакистон ва 3 сол дар Тоҷикистон зистааст. Китоби ӯ “Агар фарзанди худро аз самими қалб дӯст доред” ном дорад.

Вай мегӯяд, қабули тарҳи Қонуни масъулияти волидон дар шароити кунунии Тоҷикистон роҳи ҳалли мушкил нест. Балки ба гуфтаи ӯ, бояд худи хонаводаҳои ҷавонро тарбия кард ва ба онҳо роҳи дурусти тарбияи фарзандро нишон дод.

Дар сӯҳбате, ки бо Элдер Тед доштем, нахуст аз ӯ пурсидем, ки оё зарурати чопи ин китоб барои ҷомеаи Тоҷикистонро дар чӣ мебинад?

Тэд: Зарурати ин китобро на танҳо барои барои мардуми Тоҷикистон, балки барои ҷомеаи Узбакистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон як дастури муҳим мешуморам. Дар Тоҷикистон чуноне мушоҳида кардам, барои фарзанд ҳеҷ чизро дареғ намедоранд. Ғизо, либос ва ашёи таълимро муҳайё мекунанд. Вале танҳо вақтро аз онҳо дареғ медоранд. Вақт ҷудо кардан барои фарзанд маънои онро дорад, ки Шумо ба фарзандатон таваҷҷӯҳи бештар, меҳру муҳаббати бештар мебахшед.
Вазъияти иқтисодии ҷомеа, ки хуб нест, падару модарон бештари вақти худро барои кор сарф мекунанд.


Мутаассифона, инро дар хонаводаҳои тоҷик ва узбек кам дидам. Вазъияти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, ки чандон хуб нест, падару модар бештари вақти худро барои кор сарф мекунанд. Ё дар бозор менишинанд ва ё ба муҳоҷират мераванд.

Дили инсон мисли як зарфе аст, ки агар онро бо чизе пур кунӣ ҳамон хел мемонад. Агар дили фарзанд бо меҳру муҳаббат пур бошад, вай ба дигарон ҳамин муҳаббатро мебахшад. Агар ҳамон муҳаббатро нагирифта бошад, чиро ба дигарон бидиҳад?

Суол: Шумо дар доираи дӯст доштани фарзанд ба чӣ гуна муносибат бартарӣ медиҳед? Хонаводаҳои тоҷик аз хонаводаҳои аврупоӣ дар ин самт бо чӣ фарқ мекунанд?



Тэд: Хонаводаҳои аврупоӣ, дар назар дорам оилаҳои ҷавонро, семинарҳо, курсҳои омодагиро мегузаранд. Яъне, барои тарбияи фарзанд аз чандин устоди равоншинос, педиатор, миҷозшинос дарс мегиранд. Адабиёту дастур дар ин бора низ хеле фаровон аст. Чизи дигари муҳим ин аст, ки волидон аз рӯзи таваллуд то замони камолоти кӯдак талош мекунанд, ки фосила миёни онҳову фарзандонашон хеле кам бошад.

Дар баробари ин, дар кӯдакӣ ба фарзандон як андоза мустақилият медиҳанд, то ки худро ҳамчун шахсият бишиносанд. Намегӯям, ки сад дарсад мушкил дар кишварҳои аврупоӣ нест. Ҳаст, албатта. Вале дар маҷмӯъ заминаҳои устувор барои тарбияи дурусти фарзанд вуҷуд дорад. Аммо дар Тоҷикистон дастурҳои зарурӣ барои тарбияи фарзандон, ки мисли як барномаи мушаххас бошад, надидам.

Дар Тоҷикистон тарҳи қонуни нави масъулияти волидон баррасӣ мешавад. Хуб аст, лекин бо гуфтани инро накун, инро бикун, ин мумкин асту инаш мумкин нест, мушкил ҳал намешавад. Хайр, мумкин набудааст, пас, чӣ кор бояд кунанд? Оилаи ҷавон, худи падару модари ҷавон чӣ хел бояд бошанд? Ба ин суолҳо бояд ҷавоб диҳем. Агар мо падару модарро тарбия накунем, наомӯзонем, ягон қонун кӯмак намекунад.

Суол:
Шумо ба тоҷикӣ хуб сӯҳбат мекунед. Бигӯед, ки забони тоҷикиро чӣ хел омӯхтед?

Тэд: Бо ҳамсар ва 5 фарзандам дар Узбакистон 13 сол зиндагӣ кардам. На танҳо ман, балки аҳли хонаводаи мо ба забони узбакӣ озод ҳарф мезананд. Се сол аст, ки дар Тоҷикистонем. Худам дар Донишгоҳи омӯзгорӣ хонда, тоҷикиро омӯхтам. Фарзандон ва ҳамсарам ҳам меомӯзанд. Фикр мекунам, агар мехоҳӣ китоберо барои як мардум бинависӣ ва ҷомеи онро биомузӣ, бояд аввал забонашонро бидонӣ.

Суол: Як вижагии китоби шумо ин аст, ки тавонистед маслиҳату дастурҳои равоншиносиро дар омехтагӣ бо илми тиб барои хонандагон пешниҳод кунед. Аслан ихтисоси Шумо чист?

Тэд: Ду диплом дорам. Як ихтисосам муҳандисӣ аст. Дуввумаш равоншиносӣ. Аз устодам, ки ҳамчун донишманди маъруфи соҳаи тиббу равоншиносӣ аст, Кембелл Росс дарс гирифта, мактаби ӯро аз худ кардам ва китоберо бо ҳам таълиф кардем. Зарур донистам ин китобро, ки ҳар як хонаводаи англис мехонаду медонад, онро барои мардуми кишварҳои дигар бирасонам. Барои ҳамин, зиндагиву кор дар кишварҳои Осиёи Марказиро интихоб кардам ва ин китобро такмил додам.

Масалан, дар илми тиб миҷозшиносӣ аст. Шумо медонед, барои он, ки шумо фарзандатонро тарбияи дуруст диҳед ва ё дар ӯ завқро оид ба ягон касбу ҳунар тарбия кунед, бояд аввал миҷози ӯро шиносед, ки мутобиқат ба кадом самт дорад. Миҷозаш гарм аст, сард аст, миёна аст ё чи хел. Агар инро надонед, ба мақсад расидан душвор аст.

Вақте ин китобро ба донишмандони тоҷик ва одамони одии касбу корашон гуногун нишон додам. Мақбул шуд ва гуфтанд, ки ташаккур ба шумо Тоҳирҷон. Хеле китоби хуб. Оддиву осон аст...

Суол: Чаро шумо худро Тоҳир ном бурдед?
Бо гуфтани инро накун, инро бикун, ин мумкин асту инаш мумкин нест, мушкил ҳал намешавад. Хайр, мумкин набудааст, пас, чӣ кор бояд кунад?


Тэд: Маро дар Узбакистон Тоҳирҷон номиданд. Ман ҳам розӣ шудам. Ба ман маъқул аст ин ном.

Хостам, ки номам низ мисли китобам барои мардуми тоҷику узбак соддаву фаҳмо бошад. Ин маро боз ҳам бо мардум наздиктар кард. Ман мавод ва мушоҳидаҳои худро аввал аз фарзандонам сар кардам. Баъд даҳҳо хонаводаро мушоҳида кардам. Дар як оилаи тоҷик қариб як сол зиндагӣ кардам, то хислати ҳар якеи онҳоро омӯхтам. Тарзи тарбияи тоҷиконро ҳатто бо узбакҳо ва баъдан бо аврупоиҳо муқоиса кардам ва баъд китобро навиштам.

Суол: То ҷое рӯшан шуд, китоби шумо дар Тоҷикистон талабгори зиёд дорад ва нархаш ҳам чандон гарон нест. Вале 1 ҳазор нусха чоп шудааст, ки ин хеле кам аст. Дар оянда ин китобро бо теъдоди бештар чоп карданӣ ҳастед?

Тэд: Бале, ҳоло мо як пажӯҳиш гузаронида истодаем, ки мардум чӣ хел ин китобро талаб мекунанд ва мехонанд ва фикри онҳоро дар бораи китоб ҷамъ меоварем. Ният дорем, ки дар оянда боз ҳам бо теъдоди бештар чоп кунем. Феълан, ин китоби мо ба 20 забони дунё баргардон шудааст.
XS
SM
MD
LG