Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз тазоҳуроти эътирозии Миср се рӯз мегузарад


Имрӯз аз тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди ҳокимияти 30-солаи Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури Миср дар Қоҳира 3 рӯз мегузарад. Субҳи рӯзи панҷшанбе гурӯҳҳои хурд-хурд дар шаҳрҳои Қоҳира ва Суетс гирдиҳам омаданд. Ҳамзамон Муҳаммад Бародеӣ, ки дар гузаштаи наздик раҳбарии Ожонси Байналмиллалии Энержии ҳастаиро бар ӯҳда дошт ва ҳоло яке аз ҷонибдорони ислоҳот ба шумор меравад, аз шаҳри иқомати худ дар Вена вориди Қоҳира хоҳад шуд. Таҳлилгарон мегӯянд, вуруди вай метавонад тазоҳуротро тақвият диҳад, зеро то ҳол ин тазоҳурот раҳбар надошт.
XS
SM
MD
LG