Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайгарди Маҳмуд Худойбердиев ва шарикони ӯ


Tajikistan -- Board of ministry of interior in Khatlon region, Khatlon region, 26Jan2011
Tajikistan -- Board of ministry of interior in Khatlon region, Khatlon region, 26Jan2011

Мақомоти интизомии Хатлон ҳафт нафарро ба гумони узвият дар гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев боздошт кардаанд.

Хабари боздошти 7 узви гурӯҳи созмонёфтаи мансуб ба Худойбердиев дар ҳоле нашр мешавад, ки дар соли сипаришудаи 2010-ум додгоҳҳои вилояти Хатлон 9 нафарро бо ҷурми узвият ё пайравӣ ба сарҳанги шӯришӣ ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ, аз 12 то 15 сол маҳкум ба зиндон кардаанд.

Сӯҳроб Салимов, муовини якуми сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти
Сӯҳроб Салимов, ноиби сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон
Хатлон бо тасдиқи хабар гуфт, ин афрод дар моҳи январ боздошт ва дар алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ ёфтааст. Аммо ҷаноби Салимов ба хотири халал наёфтани сирри тафтишот аз ироаи ҷузъиёти парвандаҳои мазкур ва ҳуввияти афроди боздоштшуда худдорӣ кард.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон бо ҳадафи ошкор ва боздошт кардани пайравони сарҳанги балвогар Маҳмуд Худойбердиев дар қаламрави минтақа дар соли 2011-ум барномаи махсуси корӣ тартиб додааст. Аммо дар бораи ҷузъиёти ин "барномаи корӣ" ҳам шарҳ дода намешавад.

Пайравони Худойбердиев аз Узбакистон омада буданд?

Мақомоти додситонӣ гуфта буданд, ки аксари афроди боздоштшуда ба гумони ҷонибдорӣ аз гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев, дар солҳои ахир дар хориҷ аз кишвар, ғолибан Узбакистону Русия будубош карда, бо ҳадафи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи созмонёфтаи Худойбердиев ва анҷоми амалиёти тахрибкорӣ дар Хатлон, ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Додситонӣ мегӯяд, афроди дастгиршуда дар гузашта дар ҳайати гурӯҳи созмонёфтаи Маҳмуд Худойбердиев, қумандони собиқи бригадаи савораи тирандози зудамали назди раисҷумҳури Тоҷикистон, дар амалиёти тахрибкории соли 1997 дар Қӯрғонтеппа даст доштаанд.

"На ҳама боздоштшудаҳо гунаҳкоранд"

Аммо вакилони мудофеи афроди боздоштшуда пайванду иртиботи нафарони таҳти ҳимояти худ бо Худойбердиевро инкор карда, мегӯянд, додгоҳҳо дар аксари маврид ҳукми ноодилона содир кардаанд.

Саидҷаббор Алиев, вакили мудофеъи ҳуқуқи маҳкумшуда Мансур Нуров, ки ахиран бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Худойбердиев 13,5 сол аз озодӣ маҳрум гардид, мегӯяд, дар ихтиёри худ силсилаи далелу арқоме собиткунанда ба бегуноҳии Нуровро дорад.

"Додгоҳи Қӯрғонтеппа Мансур Нуровро бар асоси кодекси ҷиноятии соли 1998 ба муҷозот кашидааст. Ҳол он ки Нуров барои содир кардани ҷиноёт дар соли 1997 айбдор гардидааст ва, ба гуфтаи адвокат, бояд бар асоси кодекси ҷиноятии соли 1961-и Тоҷикистони Шӯравӣ муҷозот мешуд, ки ҷазои сабуктарро пешбинӣ мекунад",-афзуд ӯ.

Аксҳои Маҳмудро аз кӯчаҳои Қӯрғонтеппа кӣ меканад?

Дар ҳоле ки худи Маҳмуд Худойбердиев тайи 13 соли ахир дар пайгарди қонунӣ қарор дорад, дар чанд соли ахир акси барҷастаи ӯ дар хиёбони марказии Қӯрғонтеппа овехта шуда буд.

Аммо Сӯҳроб Саломов, муовини якуми сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, гуфт, дар гузашта акси Маҳмуд Худойбердиев ва ҳамдастони ӯ дар ҳама ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бозору хиёбонҳо овехта шуда буд, аммо бисёре аз ин овезаҳо аз сӯйи афроди номаълум барканда шудаанд.

Ҳоло акси сарҳанги ошӯбгар дар овезае дар наздикии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа, дар миёни афроди дигари дар пайгарди қонунӣ қарордошта, ҷой гирифтааст.

36 пайрави Худойбердиев дар пайгарди қонунӣ

Дар ҳамин ҳол, Раёсати корҳои дохили Хатлон мегӯяд, ҳамоно шумори қобили мулоҳизаи гумонбарон дар ҳамдастии Маҳмуд Худойбердиев дар пайгарди байналмилалӣ қарор доранд.

Ҷаноби Саломов дар посух ба суоли радиои Озодӣ дар мавриди афроди дигари ҷустуҷӯшаванда ба гумони узвият дар гурӯҳи Худойбердиев гуфт, феълан дар пайгарди расмии қонунӣ 9 нафар аз пайравони ин сарҳанги шӯришӣ қарор доранд.

Вай афзуд, “пайгарди расмӣ” ба он маъност, ки нисбат ба ин 9 нафар, ки дар тахрибкорӣ ё диверсия муттаҳам дониста мешавад, ғоибона парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуда, нисбат ба онҳо «чораи ба ҳабс гирифтан» татбиқ карда шудааст”

Аммо дар маҷмӯъ, ба гумони пайравӣ ё ҳамдастӣ ба гурӯҳи созмондодаи Маҳмуд Худойбердиев, раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон 36 сокини шаҳру навоҳии водии Вахшро ҷустуҷӯ мекунад.

Худи Маҳмуд дар куҷост?


Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои мақомоти расмии Тоҷикистон, Маҳмуд Худойбердиев бо гурӯҳи худ феълан дар қаламрави Ӯзбакистон панаҳ бурдааст. Додситонии кулли Тоҷикистон чанд дафъа аз мақомоти расмии Тошканд хостори истирдори полковники шӯришӣ шуд, ки дар кӯшиши табаддулоти давлатии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешавад.

Аммо ҷониби Узбакистон воқеияти ин иддаоро, ки Худойбердиев дар хоки он кишвар умр ба сар бурда, аз пуштибонии нерӯҳои вазъсози Узбакистон бархӯрдор мебошад, башиддат инкор карда, даъвои мақомоти Тоҷикистонро нодида мегиранд. Тошканди расмӣ ҳеҷ гоҳ дар қаламраваш будубош кардани Худойбердиев ва ҷангиёни ӯро эътироф накардааст.

Сарҳанг Худойбердиев дар зимистони соли 1996 ва тобистони соли 1997 алайҳи ҳукумат ошӯб бардошт ва бо шикасти ошӯби дуввум ҳамроҳи теъдоди бузурге аз ёрони силоҳбадасташ тарки Тоҷикистон кард. Дар оғози моҳи ноябри соли 1998 Худойбердиев бо як гурӯҳи бузурги мусаллаҳ ба шимоли Тоҷикистон ҳамла овард ва нуқоти муҳими вилояти онвақтаи Ленинобод (имрӯза Суғд)-ро тассаруф кард.

Вале амалиёти муштараки нерӯҳои давлат ва мухолифини нав бо давлат оштикарда Худойбердиевро баъди ҳамагӣ 3 рӯз дубора маҷбур ба фирор аз кишвар кард. Аммо ошӯбгарон ба хоҷагии халқи Тоҷикистон зарари калон расониданд. Тибқи иттилоъи сарчашмаҳои мухталиф, 160 нафар ҳалок, 500 нафар ярадор гаштанд, 102 хона вайрон шуд. Зарари молиявии ошӯбгарон болиғ аз 8 миллиард рубл арзёбӣ шуд.

Дар моҳи октябри соли 2001 хабарҳое дар бораи марги пурасрори ӯ ё бар асари садама ваё дар натиҷаи ҷанҷол бо ёрони собиқаш нашр шуд, ки то ҳол расман таъйид нашудааст.

Саволҳои беҷавоб

Дар ҳоли ҳозир суоли матраҳ дар маҳофили соҳибназарону коршиносони тоҷик ин аст, ки оё Маҳмуд Худойбердиев аслан зиндаву саломат ҳаст? Агар ҳа, пас амнияти шаҳрвандонро аз ҳамлаи дигарбораи гурӯҳи Худойбердиев ба Тоҷикистон мақомот кафолат дода метавонанд?

Агар Худойбердиев дар Узбакистон аст, он ҷо чӣ кор мекунад ва чаро давлати ин кишвар намехоҳад як чунин нафареро, ки дар Тоҷикистон дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва хиёнат ба ватан муттаҳам дониста мешавад, ба Душанбе таслим кунад?
XS
SM
MD
LG