Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи иҷлоси порлумони Афғонистон


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, имрӯз нишасти порлумони ин кишварро оғоз кард ва моҷарои сиёсияш бо вакилон хотима дод. Ин нахустин иҷлоси порлумони Афғонистон баъди интихоботи порлумонии олуда ба хушунат ва иддаъоҳо дар мавриди тақаллуби моҳи сентябри соли гузашта аст. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон хоста буд, ки нишасти порлумон ба таъхир гузошта шавад, то кумиссиёни махсуси таъсидодааш тавонад, иддаъоҳо доир ба тақаллуб дар интихоботро таҳқиқ кунанд. Аммо зери фишори дохиливу хориҷӣ аз ин қарор даст кашид. Ҳомиди Карзай зимни суханронӣ аз вакилони афғон хост, ба хотири ояндаи Афғонистон ихтилофоти назарҳояшонро канор гузоранд. Ҳомиди Карзай гуфт, бо вуҷуди гузашти даҳ сол аз суқути Толибон дар Афғонистон кишвараш ҳанӯз ҳам дар оташи ҷанг месӯзад ва танҳо дар соли гузашта ҳудуди 10 ҳазор нафар дар кишвар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG