Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват барои тазоҳуроти нав дар Қоҳира


Фаъолони мухолифон дар Миср аз тарафдоронашонро имрӯз низ тазоҳуроти эътирозӣ даъват кадаанд. Рӯзи сешанбе Миср шоҳиди тазоҳуроти бузургу густурда алайҳи раиси ҷумҳур Ҳуснӣ Муборак, шуд, ки се даҳсола аст, дар Миср ҳукмронӣ мекунад. Гурӯҳи мавсум ба Ҳаракати 6 апрел дар Миср аз тариқи саҳифаи худ дар торнамои Фейсбук аз тарафдоронаш даъват кардааст, ки имрӯз дар майдони марказии шаҳри Қоҳира ҷамъ оянд. Дар тазоҳуроти рӯзи сешанбе ду тазоҳургар ва як маъмури пулис кушта шуданд. Амрико ҳампаймони наздики Миср ва донори аслии он ҳарду тарафро бе хештандорӣ даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG