Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ифротгарои исломиро дар шарқи Тоҷикистон куштанд


Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон як узви фаъоли Ҳаракати Исломии Ӯзбакистонро дар шарқи кишвар куштаанд. Нозирҷон Бӯриев сухангӯи кумитаи амнияти миллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Мазорӣ Фатҳиддинови 26-сола, ки дар тамрингоҳҳои терористӣ дар Афғонистону Покистон таълим гирифтааст, шаби 24 январ дар водии Рашт дар ноҳияи Тоҷикобод кушта шуд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон, Мазорӣ Фатҳиддиновро, ба ҳамлаи хунини моҳи сентябр ба корвони мошинҳои сарбозони вазорати дифоъ муттаҳам мекунанд, ки дар ин ҳамла 28 сарбоз кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG