Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти собиқ раиси Комиссияи марказии интихобот


Қадриддин Ғиёсов, собиқ раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон дар як садамаи нақлиётӣ ва дар синнӣ 78-солагӣ даргузаштааст.
Масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, оқои Ғиёсов то соли 1995 раҳбарии ин Комиссияро ба ӯҳда доштааст.
Ба гуфтаи онҳо, дар замоне ки ӯ Комиссияи марказии интихоботро роҳбарӣ мекард, Эмомалӣ Раҳмон ба Абдумалик Абдуллоҷонов пирӯз омада, раиси ҷумҳури Тоҷикистон интихоб шуда буд.
Қадриддин Ғиёсов пас аз рафтанаш аз вазифаи раҳбари Комиссияи марказии интихобот се сол, яъне то соли 1998 ҳамчун муовини сарвазири Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои ахир ӯ раҳбарии як корхонаи давлатӣ оид ба парвариши тухми растаниро ба ӯҳда доштааст.
XS
SM
MD
LG