Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев чанде аз захмиёни таркиши Маскавро аёдат кардааст.

Бо дастури махсуси раисиҷумҳури Тоҷикистон сафири ин кишвар дар Русия Абдулмаҷид Достиев аз ҳоли бархе аз шаҳрвандони тоҷик, ки дар таркиши “Домодедово” захмӣ шудаанд дар бемористонҳо хабар гирифт ва дар бораи вазъи онҳо бо пизишкон ҳамсӯҳбат шуд.

Дар таркиши шоми душанбе дар бузургтарин фурудгоҳи Маскав 2 шаҳрванди
Мулоқоти сафир Достиев (аз рост) бо пизишки бемористони шумораи 7-и Маскав А. Копилев
тоҷик – Ҷабборов Собир ва Ҳақназаров Мурод - кушта ва 16 тан захмӣ шуданд. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи 5 тани онҳо вахим хонда мешавад.

Ҳувияти 6 нафари дигар, ки дар таркиш кушта шуданд, шиносоӣ нагаштааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар як тамоси телефонӣ ба ҳамтои русаш Дмитрий Медведев изҳори таслият кард.

Дар пайи таркиши “Домодедово” тадобири амниятиро дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳану автобус ва иншооти давлатии Тоҷикистон низ тақвият додаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG