Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 нафар дар эътирозҳои Миср


Бино ба хабарҳо, дар эътирозҳои дирӯзаи Миср, ки ҳазорон нафарро бо талаби хатми ҳукумати сисолаи раиси ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборак гирди ҳам овард, 3 нафар кушта шудаанд.
Эътирозгарон бо илҳом аз эътирозҳои Тунис, ки мунҷар ба барканории раҳбари он кишвар Зайналобуддин Бен Алӣ шуд, “Тунис!” ва "Муборак - ба истеъфо!" гуфта, шиор мезаданд. Шумори эътирозгарон дар Қоҳираву Искандария ва шаҳрҳои дигари Миср то 20 000 нафар гуфта мешавад. Мисриҳо низ айни мушкилотеро доранд, ки дар Тунис боиси эътирозҳо шуд: афзоиши нархи ғизо, фақр, бекорӣ ва низоми худкомае, ки эътирози мардумро ба сурати сареъ ва аксар вақт бераҳмона саркӯб мекунад.
XS
SM
MD
LG