Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузории Домодедово ду тоҷик кушта шудааст


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки дар инфиҷор дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 13 тани дигар захмӣ шудаанд. Давлат Назрӣ сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, захмиён дар шифохонаҳои Маскав табобат мешаванд. Рӯзи гузашта бар асари бомбгузории интиҳорӣ дар фурудгоҳи Домодедово дасти кам 35 нафар кушта ва бештар аз 110 тани дигар захмӣ шуданд. Баъди ин ҳодиса Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия терроризмро ҷиддитарин таҳдид ба амнияти кишвараш хонд. Ӯ қавл дод, ки мақомот ҳар кори мумкинро мекунанд, то масъулони ин ҷиноятро ба пойи курсии муҳокима бикашанд. То кунун касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале ғолибан онро кори дасти тундравон аз Қафқози Шимолӣ хоҳанд хонд.
XS
SM
MD
LG