Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши деринтизор дар мавриди Косово баррасӣ мешавад


Маҷмаъи порлумонии Шӯрои Аврупо имрӯз гузоришеро баррасӣ хоҳад кард, ки дар он Ҳошим Тачӣ, раиси ҷумҳури Косово, ба иртибот бо гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ муттаҳам шудааст. Гузориши мазкурро вакили швейтсариягӣ, Дик Мартӣ таҳия кардааст. Дар ин гузориш омадааст, Ҳошим Точӣ замони ҷанги партизанӣ алайҳи Сербистон дар охири солҳои 1990 раҳбари ҳалқаи гурӯҳи ҷиноӣ будааст. Ҳукумати Косово, ин гузоришро бепояву асос ва бадгӯӣ хондааст. Ҳамчунин имрӯз рӯзномаи бритониёии “Гордиан” бо такя ба як санади маҳрамонаи низомиёни НАТО, навиштааст, ки қудратҳои ғарбии ҳомии ҳукумати Косово, Ҳошим Тачиро аз “саркардаҳои” ҷинояткории созмонёфта медонистанд.
XS
SM
MD
LG