Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузории Домодедово 12 тоҷик осеб дидааст


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки дар инфиҷор дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав 12 шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шудаанд. Дар баёнияи расмии вазорат, бо зикри исми тамоми осебдидагони ҳодиса ҳамчунин гуфта шудааст, ки вазъи сиҳатии панҷ нафар аз онҳо вахим арзёбӣ мешавад. Вазорат хабари марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар бобмгузорӣ дар фурудгоҳи Домодедоворо таъйид накарда ва гуфтааст, ҳанӯз иттилоъи расмӣ дар ин мавридро аз мақомоти Русия нагирифтаанд. Рӯзи гузашта бар асари бомбгузории интиҳорӣ дар фурудгоҳи Домодедово дасти кам 31 нафар кушта ва бештар аз 160 тани дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG