Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти пайравони "Салафия" дар Қубодиён


Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ду гурӯҳ аз пайравони ҷараёни мазҳабии фаъолияташ мамнӯи "Салафия" боздошт шудаанд.

Мақомоти ноҳияи Қубодиён мегӯянд, дар пайи таҳқиқи тӯлонимуддат пайванду иртиботи ин ду гурӯҳ бо шабакаҳои байналмилалии террористӣ, аз ҷумла "Ал-Қоида" ва Ҳаракати исломии Узбакистон, маълум шудааст.

Абдулмӯъмин Улфатов, раиси ноҳияи Қубодиён, бо тасдиқи ин хабар гуфт, сарварони ин ду гурӯҳи Салафия наздик ба 60 ноболиғи маҳаллиро бо баҳонаи таълимоти исломӣ ҷалб карда ва ҳадаф доштаанд, дар оянда аз роҳҳои ғайрирасмӣ онҳоро ба хориҷа сафарбар кунанд.

Абдулмӯъмин Улфатов
"Ин ҷавонону наврасонро мебаранд, террорист тайёр мекунанд. Ин ягон ҷойи пӯшидааш нест, ин корҳо буд ва ҳоло ҳам ҳаст. То кай пинҳон мекунем?! Ҳадафашон салафия ва ваҳҳобизмро пеш бурдан аст. Инҳоро аввал дар худи Тоҷикистон ҷалб мекунанд, мехононанд, ба мағзашон таъсир мегузоранд, онҳоро дунёбадбин мекунанд. Ин дунё дунёи мо нест, ҷаҳони абадии мо он дунё аст гуфта, кӯдаконро вайрон мекунанд, аз онҳо «смертник» омода мекунанд. «Фанатик» мегӯянд-ку. Барои ҳамин мо бояд мубориза барем…",-афзуд ӯ.

Ҷаноби Улфатов мегӯяд, ҳанӯз фаъолияти шуморе дигар аз пайравони гурӯҳҳои созмонёфта дар қаламрави ноҳияи Қубодиён ба мушоҳида расида, ниҳодҳои қудратию амниятии маҳаллӣ барои таҳқиқи фаъолият ва боздошти онҳо табдир меандешанд.

Ноҳияи Қубодиён, ки дар 162-километрии ҷануби шаҳри Душанбе воқеъ аст, ҳамчунин дар сарҳади Узбакистону Афғонистон қарор дошта, ба иддаои таҳлилгарон, имкони убуру мурури ғайриқонунии одамон аз қаламрави ин ноҳия бештар будааст.

Муҳаммадиқболи Имомиддин, коршиноси маҳаллӣ аз ноҳияи Қубодиён, мегӯяд, хатари таълимоти мазҳабии хонагӣ ба он андоза бузург нест, ки мақомоти ҳукумати ноҳия ҳисоб мекунанд. Вай афзуд, ҷалби шумораи зиёди ноболиғон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва тамринҳои ҷангҷӯиву ғайриисломӣ дидани онҳо дар як ноҳияи хурде, назири Қубодиён, ғайривоқеӣ ба назар мерасад.

Коршинос тахмин мезанад, ки мақомот бо ҳадафи тарс додани сокинони маҳаллӣ онҳоеро, ки ба таълимоти мазҳабӣ машғуланд, ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ рабт медиҳанд.

"Яке аз роҳҳои муассири дар шароити деҳот аз роҳҳои ношоиставу ғайриахлоқӣ боздоштану ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ҷавонону наврасон ин таълими динӣ гирифтани онҳо дар назди домуллоҳо мебошад. Ин ҳеҷ бадӣ надорад ва мақомотро набояд аз чунин таълимот тарсид. Лекин як минуси кори аксари домуллоҳои мо дар он аст, ки онҳо дониши казоии дунявӣ надоранд ва аз қонунҳои Тоҷикистон чандон бархурдор нестанд. Аз ҳамин хотир бисёр вақт бо мушкилоти ҳуқуқӣ ва қонунӣ мувоҷеҳ мешаванд…",-мегӯяд ҷаноби Имомиддин.

Дар ҳамин ҳол, Назрӣ Анваров, масъули шӯъбаи умури дин дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён, мегӯяд, танҳо ба чанд нафар мударрис дар ноҳияи Қубодиён иҷоза дода шудааст, ки ба як теъдод наврасон алифбои ниёкон ва аркони исломро биомӯзанд: "Ҳоло наврасоне, ки дар назди мударрисон таҳсил мекунанд, танҳо алифбои форсиро меомӯзанд. Таълимоти онҳо зери назорат аст ва хатаре ба амнияти идеологӣ нахоҳад дошт."

Ҷаноби Анваров афзуд, ҳукумати ноҳияи Қубодиён ҷавонону наврасонеро, ки мехоҳанд дар баробари таълим дар мактабҳои ҳамагонӣ, ҳамчунин таълимоти исломӣ бигиранд, метавонад ба мадрасаҳои расмии шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва ноҳияи Ховалинг ирсол кунад.

Ва аммо ҳукумати ноҳияи Қубодиён сафари ҷавонону наврасони маҳаллӣ ба хориҷи кишварро барои таҳсил муваққатан манъ кардааст. Абдулмӯъмин Улфатов, раиси ноҳияи мазкур, дар шарҳи ин тасмим мегӯяд, дар гузашта ҳам пайравони ҷараёни Салафия даҳҳо наврасу ҷавони маҳаллиро бо баҳонаи таҳсил аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба хориҷа бурдаанд.

Вай гуфт, "барои бепарда гуфтанам мебахшед, аммо бисёре аз ҷавононе, ки гурехта пинҳонӣ рафтаанд, ҳатто забони модарии худро гум кардаанд. Аз роҳи Афғонистон пинҳонӣ мебаранд, тақдирашон чӣ мешавад?! Онҳоро аксаран дар хонаҳое мисли «оғил» ҷой мекунанд, таълимоти номаълум медиҳанд. На хӯроки дуруст ва на табобату муроқибат аз онҳо намешавад. Мо муваффақ шудем, ки 27 нафарро аз ҷамъи 46 ҷавону навраси дар мадрасаҳои исломии хориҷӣ таҳсилмекарда ба ватан бозгардонем. Ҳоло ниҳодҳои амниятии мо кор карда истодаанд дар ин робита. Фикр карда истодаем, ки онҳоро чӣ тавр баргардонем. Бисёре аз падару модарон имрӯз пушаймон ҳастанд, чунки фарзандашон омада наметавонанд."

Барои нахустин бор нест, ки мақомоти вилояти Хатлон гурӯҳу ҷараёнҳои созмонёфтаи "Салафия" ва "Ҷамоати таблиғ"-ро дар миёнҷигӣ ба роҳ ёфтани ҷавонону наврасон ба мадрасаҳои хориҷӣ муттаҳам мекунанд. Чанд моҳ қабл мақомоти ҳукумати ноҳияи Данғара ҳам гуфта буданд, ки аксар аз ҷавонони маҳаллӣ ба таври пинҳонӣ, зери таъсири аъзои созмони расман мамнӯъи "Ҷамоати таблиғ" ба донишгоҳҳои исломии хориҷӣ роҳ ёфтаанд.

Раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев ҳамчунин ишора карда буд, ки дар фиристодани ҷавонони данғарагӣ ба кишварҳои исломӣ ё роҳбаладии онҳо, бархе аз мансабдорони маҳаллӣ дар ноҳия даст доштаанд, вале мушаххасан аз касе ном набурд.

То ин замон беш аз 530 толибилми хатлонӣ, аз ҷумла 4 зан, ки дар мадориси кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, ба зодгоҳҳои худ боз оварда шудаанд.
Аммо ҳеҷ додгоҳе дар Хатлон толибилмони бозгаштаро дар узвият ё пайравӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро муҷрим нашинохтааст.
XS
SM
MD
LG