Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошини "машкук" аз рӯди Сир берун оварда шуд


МақомотиТоҷикистон мегӯянд, мошинеро, ки маводи тарканда дошта, ба дарёи Сир андохта шуда буд, берун овардаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, ба РО гуфт, “ин мошин безарар гардонида шуда, тафтишот аз болои ин ҳодиса идома дорад.”

Аммо ӯ аз додани ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ кард. Бо ин вуҷуд, мақомот мегӯянд, талош хоҳанд кард, то онҳоеро, ки дар ин ҳодиса даст доранд, ошкор кунанд.

Ду мошини "машкук"

Рӯзи шанбеи гузашта мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки аз вуқӯъи инфиҷор дар наздики раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҷилавгирӣ кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, як мошини ҳомили маводи тарканда дар назди бинои раёсати корҳои дохилӣ ва мошини дигар дар наздикии бинои идораи амнияти вилояти Суғд қарор доштааст.



Дар ҳоле аз вуқӯи ду амалиёти даҳшатафканӣ дар маркази вилояти Суғд ҷилавгирӣ мешавад, ки ҳамагӣ чаҳор моҳ қабл дар ҳавлии бинои идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ин вилоят, ҳамлаи террористӣ сурат гирифта буд. Дар пайи ин таркиш дастакам 2 нафар кушта ва теъдоде ҳам захмӣ гашта буданд.

Кори дасти ҲИУ?

Дар ин ҳодиса, ки нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар Тоҷикистон хонда мешавад, ҳудуди 30 тан аз маъмурони пулиси маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки ба думболи таркиши 3 сентябр ҳудуди панҷоҳ нафар узви Ҳаракати исломии Узбакистон дар Хуҷанд боздошт шуданд, ки бархе аз онҳо дар ин ҳодиса даст доштаанд. Аксари боздоштшудагон сокинони ноҳияи Истаравшани вилотяи Суғд будаанд.

Аммо акнун ин суол матраҳ аст, ки бо вуҷуди ин ҳама тадобири амниятӣ, аз ҷумла амалиёти ду моҳи пеш алайҳи гурӯҳе, ки гуфта мешуд, омили ҳамлаи интиҳории Хуҷанд мебошанд ва боздоштҳои ахир, чӣ гурӯҳе тавонистааст, иқдом ба талоши бомгузорӣ дар мошине дар назди мақомоти қудратӣ кунад.
Ва ин иттифоқ дар маҷмӯъ дар кадом росто қобили арзёбӣ мебошад.
Бархе аз коршиносон чунин иқдомро қабл аз ҳама як навъ вокуниши гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ ба амалкардҳои ахири нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ унвон мекунад.

Мубориза бо терроризм тақвият меёбад

Чанд рӯзи қабл, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат дар соли гузашта ва таъйини барномаи ҳукумат барои соли равон ба зарурати тақвияти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таъкид намуда буд.

Аз эҳтимоли инфиҷор дар Суғд дар ҳоле ҷилавгирӣ мешавад, ки амалиёти нерӯҳои амниятию интизомии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар шарқи Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад.

Мақомот то кунун аз нобудии Аловудин Давлатов, яке аз раҳбарони ин гурӯҳ мусаллаҳ хабар доданд. Аммо чеҳраи асосии мухолифати мусаллаҳона дар шарқи Тоҷикистон Мулло Абдулло ҳамчунон боздошт нашудааст.
XS
SM
MD
LG