Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Тунис ёрони Бен Алиро боздошт мекунад


Пулиси Тунис ба таъқиби ёрони калидии раисиҷумҳури барканоршуда Зайналобудин Бен Алӣ пардохтааст. Ду мақоми аршад таҳти ҳабси хонагӣ қарор гирифт, раҳбари як шабакаи хусусии телевизионӣ бо гумони мухолифат ба ҳаракати кишвар ба сӯи демократия дастгир шудааст.
Дирӯз садҳо кишоварз аз як минтақаи фақири Тунис бо як раҳпаймоии эътирозӣ вориди пойтахти ин кишвари арабии шимоли Африқо шуданд.
Ин “Корвони Озодӣ” рӯзи 22 январ аз шаҳри Манзил Бузайна, зодгоҳи нахустин қурбонии эътирозҳои зидди Бен Алӣ, берун шуд. Бен Алӣ рӯзи 14 январ тарки Тунис кард ва эътирозгарон мехоҳанд, ки тамоми ёрони ӯ аз мақомҳои давлатӣ барканор карда шаванд.
XS
SM
MD
LG