Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинежод номзадии вазири хориҷиро ба порламон фиристод


Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон имрӯз аз порламони кишвараш хост, ки номзадии Алӣ Акбар Солеҳӣ -раиси ниҳоди ҳастаии Эронро дар мақоми вазири корҳои хориҷии ин кишвар бипазирад. Дар ин бора Маҳмуди Аҳмадинежод ба порламон номае ирсол доштааст. Телевизиони давлатии Эрон дар ин бора хабар додааст. Моҳи декабр Аҳмадинежод Манучеҳри Муттакӣ-вазири хориҷиро аз мақомаш барканор ва Алӣ Акбар Солеҳиро кафили вазорати хориҷӣ таъйин кард.
XS
SM
MD
LG