Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон дар ҳамлаи бесарнишинҳо 6 нафар кушта шуд


Аз қавли мақомоти кашфи Покистон иттилоъ дода мешавад, ки дар Вазиристони Шимолӣ дар наздикии марз бо Афғонистон дар ду ҳамлаи алоҳидаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико 6 нафар шӯришӣ кушта шудаанд. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли мақомот мегӯяд, дар ҳамлаи аввал ба як мошин 4 нафар ба қатл расидаанд. Ин ҳамла дар маҳале бо номи Датта Хел сурат гирифтааст. Дар ҳамлаи дуввум ба мототсикл ду нафар кушта шудаанд. Ин ҳамла низ дар ҳамин минтақа анҷом гирифтааст.
XS
SM
MD
LG