Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзаю Медведев созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд


Дар Маскав рӯзи ҷумъа раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Афғонистон – Дмитрий Медведев ва Ҳомиди Карзай масъалаи ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд. Дар ин мулоқот созишномаи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ имзо шуд, ҳарчанд ҳанӯз тафсилоти он дар даст нест. Медведев гуфт, ки сафари Карзай “саҳифаи тозаро дар равобити ду кишвар боз мекунад”.

“Русия мехоҳад ҳамсояи худ Афғонистонро чун як кишвари мустақилу шукуфо ва дорои сохторҳои созгори давлатӣ бубинад, ки тавони таъмини рушди Афғонистонро аз даҳсолаҳо пеш дошта бошанд”.

Дар изҳороти муштараки ду раҳбар, ки дар поёни ин мулоқот қабул шуд, гуфта мешавад, ки Медведев даъвати Карзайро барои зиёрат аз Афғонистон пазируфт. Дар идомаи рӯз қарор аст мулоқоти Карзай бо раиси ҳукумати Русия Владимир Путин баргузор шавад. Баъди берун шудани нирӯҳои шӯравӣ аз хоки Афғонистон соли 1989, барои аввалин бор аст, ки раҳбари ин кишвар аз Русия дидан мекунад.
XS
SM
MD
LG