Қаҳрамони Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳӣ се бозӣ анҷом дод. Бозии нахустини «Истиқлол» бо тими «Искра – Стал»-и Молдова бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Фарҳод Тоҳиров, бозигари «Истиқлол», дар дақиқаи 46-ум ҳисобро боз кард. Вале баъди ду дақиқа молдавиҳо ҳисобро баробар намуданд.
Дар даври дуввуми мусобиқот “Истиқлол” аз тими «Интер»-и Озарбойҷон бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд. Дар бозии охирини гурӯҳи “А” “Истиқлол” бар тими “Нефтчӣ”-и Қирғизистон бо ҳисоби бузурги 5-0 пирӯз шуд. Голҳоро дар нимаи дуввуми дидор Маҳмадалӣ Содиқов, Комил Саидов (ду гол), Фатҳулло Фатҳуллоев ва Иброҳим Рабимов ба самар расонданд.
Ба ин тартиб «Интер»-и Озарбойҷон бо 9 имтиёз дар гурӯҳи “А” ғолиб шуд. “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва «Искра-Стал»-и Молдова 4-имтиёзӣ ба даст оварданд. Вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо (6-4) “Истиқлол” мақоми дуввумро касб кард ва ҳамроҳи “Интер” ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вале футболбозони тоҷик дар чаҳорякфинал аз тими «Сконто»-и Рига, қаҳрамони 15-каратаи Латвия, бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрданд ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки аз ин пеш дар Ҷоми Иттиҳод ду дастаи собиқ қаҳрамони Тоҷикистон – “Варзоб”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта буданд. Вале ягон дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқоти байналмилалӣ ба нимфинал набаромадааст.
Олимҷон Рафиков, сармураббии тими «Истиқлол», дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз натоиҷи бозиҳои дастааш дар Ҷоми Иттиҳод изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт: “Ин гуна бозиҳо бозиҳои хубанд. Чӣ қадаре, ки дар чунин бозиҳо бештар ширкат кунем, ҳамон қадар футболи мо боло меравад. Ташаккури зиёд ба бачаҳо, ки бо рӯҳияи баланд бозӣ карда, таҷоруби хуб касб намуданд. Он чиз маро хурсанд намуд, ки даста бозиҳоро мувофиқи нақша анҷом дод, ба чӣ қодир буданашро фаҳмид ва чӣ гуна ба мақсад расиданро дарк намуд”.
Вале Олимҷон Рафиков аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тимҳои футболи Тоҷикистон ҳанӯз бо системи кӯҳна бозӣ мекунанд. Вай афзуд: «Ба мо зарур аст, ки ба бозӣ дар як хат гузарем. Яъне аз бозигари озод ё охирин дар хатти дифоъ, ки «либеро» ном бурда мешавад, даст бикашем. Зеро ҳоло дар Русия, на фақат дар Русия, балки дар тамоми Урупо бе ҳимоятгари охирин бозӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад, танҳо як даста – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ба тарзи нав бозӣ мекунад, вале на ҳамеша. Ба назари ман Федеросиюни футболи Тоҷикистон бояд давраҳои омӯзишӣ доир карда, ба мураббиён тарзи нави системи бозиро омӯзонад. Кори нав, албатта, бе мушкилӣ, бе иштибоҳ намешавад. Вале аз ин ҳаросидан лозим нест. Мо бояд ба пеш ҳаракат кунем. Бозӣ дар хат ин бозии ояндадор аст. Ин тарзи бозӣ ба футбол монеъа эҷод намекунад. Баръакс, имкон медиҳад, ки бозигарон ба таври муназзам ҳаракат кунанд. Ин қадаме ба пеш аст».
Ҳамсӯҳбати дигари ман Абдураҳим Бобоев, довари дараҷаи байналмилалӣ, натоиҷи ба даст овардаи тими «Истиқлол»-ро дар Ҷоми Иттиҳод мусбат арзёбӣ карда, гуфт: «Дастаи «Истиқлол», ки ба ин мусобиқот омодагии хуб гирифта буд, вазифаи дар наздаш гузоштаро ба ҷо овард, яъне ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ин мусобиқот, бешак, барои тими «Истиқлол», ки таҷоруби хуби бозиҳои байналмилалӣ касб кард, дар оянда ба кор меояд. Ман бовар дорам, ки футболбозону мураббиёни даста аз камбудиҳо хулосаи зарурӣ бароварда, барои рафъи онҳо кӯшиш хоҳанд кард. Дастаи «Истиқлол» имсол Тоҷикистонро боз дар як мусобиқаи байналмилалӣ - Ҷоми Раиси Конфедеросиюни футболи Осиё намояндагӣ хоҳад кард. Ба қаҳрамони Тоҷикистон муваффақият орзумандем».
Соли 2010-ум паҳлавонони тоҷик дар риштаи гуштии самбо дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд даст ёфтанд. Бинобар ин Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон аз рӯи натоиҷи мавсими соли гузашта дар радифи беҳтарин федеросиюнҳои миллӣ қарор дорад. Дар ин барнома сӯҳбате дорем бо Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Федеросиюни самбои Осиёи Марказӣ. Вай, аз ҷумла, гуфт: «Дар Тоҷикистон гуштии самбо хеле рушд кардааст. Ҳар сол паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, натиҷаҳои баланд ба даст меоранд. Чунончи, соли гузашта варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Тошканд 5 медал ба даст оварданд. Дар сабқати самбои варзишӣ Абубакр Зоиров дар вазни 90 кг ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни 100 кг бо медалҳои нуқра сарфароз гардиданд. Паҳлавони дигари тоҷик Акмалиддин Каримов дар вазни 52 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар сабқати самбои размӣ Фаридун Устопиров дар вазни 82 кг ва Умед Ҳасанбеков дар вазни 90 кг ҷойҳои саввумро касб карданд. Паҳлавони ҷавону умедбахши мо Комроншоҳи Устопириён бошад, дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон дар вазни 81 кг ба унвони қарамони ҷаҳон байни наврасон даст ёфт. Вале, мутаассифона, дар тӯли беш аз 35 сол дар Тоҷикистон ягон нафари дигар ба мисли Саидмӯъмин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни бузургсолон соҳиби медали тилло нашудааст. Ба фикри ман хуб мебуд, ки барои баргузории мусобиқоти байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе толори варзишии ғунҷоишаш барои на кам аз 5000 тамошобин бунёд меёфт. Он вақт мо имкон пайдо мекардем, ки мусобиқаи байналмилалиро барои ҷоизаи хотираи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов бо ширкати зӯртарин гӯштигирони дунё дар сатҳи баланд доир кунем».
Номҳои муддаиёни ҷоизаи пурарзиши Laureus World Sports Awards, ки онро ҳамчунин «Оскари варзишӣ» меноманд, эълом шуданд. Барои унвони варзишгари беҳтарин ва варзишгарзани беҳтарини соли 2010-ум шашнафарӣ довталабанд. Номзадҳо барои унвони беҳтарин варзишгар Рафаэл Надал, теннисбози испонӣ, Себастян Феттели немис, қаҳрамони Формула-1, Мэнни Пакиао, муштзани филиппинӣ, Коби Брайант, баскетболбози амрикоӣ, Андрес Инйестаи испонӣ ва Лионел Мессии аргентинӣ, ҳарду футболбозони тими «Барселона»-и Мадрид мебошанд.
Барои унвони беҳтарин варзишгари сол миёни занон теннисбозон Серена Уилямси амрикоӣ, Ким Клейстерс аз Белгия ва Каролин Вознятски аз Дания, лижарони амрикоӣ Линдси Вонн, инчунин, варзишгарони сабук Ҷессика Эннис аз Бритониёи Кабир ва Бланка Власич аз Хорватия муддаиянд.
Ҷоизаи Laureus World Sports Awards аз соли 2000-ум супурда мешавад. Соли 2010-ум Усейн Болт, даванда аз Ямайка ва теннисбоз Серена Уилямси амрикоӣ барандагони ин ҷоиза гардида буданд.
Маҷаллаи белгиягии Sport Foot Magazinte рейтинг ё феҳристи 50 футболбози аз ҳама маоши баланддоштаро нашр кард. Дар ин рӯйхат Криштиану Роналду, нимҳимоятгари бошгоҳи футболи «Реал»-и Испониё ва мунтахаби Португол, мақоми аввалро касб кардааст. Даромади солонаи ӯ 12 миллион евро мебошад. Уэйн Руни, бозигари «Манчестер Юнайтед»-и Инглистон бо 11,5 миллон евро дар ҷои дуввум ва Лионел Месси, аз тими «Барселона»-и Испониё, бо 11 миллион евро дар ҷои саввум қарор доранд.
Ежи Бузек, раиси Порлумони Урупо, хабар медиҳад Оҷонсии иттилоотии Русия «Новости», дар изҳороти ҳангомабарангези худ ҳамкасбонашро даъват кардааст, ки ба варзишгарони Беларус барои ширкат дар мусобиқоти варзишии байналмилалӣ, мусобиқоти ҷаҳониву Бозиҳои олимпӣ иҷозат надиҳанд. Ҳамин тариқ ҷаноби Бузек мехоҳад ба «худсарӣ»-и мақомоти ҳозираи ин кишвар вокуниш намояд. Ёдовар мешавем, бо амри Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, чанд рӯз пеш гирдиҳамоии мухолифон, ки дар кӯчаҳои Минск бо ҳузури чандин ҳазор одам доир шуда буд, пароканда гардид.
Дар доираи ҷаласаи кумитаи Порлумони Урупо оид ба корҳои хориҷӣ Бузек эътироф намуд, ки ҳукумати Беларус «машруъияти демократӣ надорад». Бинобар ин дар Порлумони Урупо ҷорӣ кардани таҳримҳои шадидро нисбати ин кишвар зарур мешуморанд.
Ба ғайр аз ин Бузек амали тазоҳуротчиёнро комилан қонунӣ ҳисобид ва даъват намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаи боздоштшудагонро озод намоянд ва иттиҳомоти алайҳи онҳоро бекор созанд.