Ҳангоми муроҷиат, пизишкон ба ӯ гуфтаанд, ки маҳсулоти истифодакардааш маводи кимиёвии заҳрогин доштааст.
Хонум Саноат мегӯяд, "креми "Нориал Деситинг", ки аз телевизиони Русия реклама мекарданд, аз ҳамон истифода бурдам. Ӯ барои рӯйро зебо нигаҳ доштан буд, вале пас аз истифодаи он рӯи ман захм бардошт ва сафед шуд. То ҳол табобат дорам."
Бемории пӯст аз пардозҳои ороишӣ
Ин ҳам дар ҳолест, пизишкон дар Тоҷикистон аз афзоиши бемориҳои пӯст бар асари истифодаи ҳар гуна ғоза ва пардозҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Ашӯрмад Гулмадов, пизишки бемориҳои пӯст, дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳафтае то се-чаҳор нафар бо чунин иллат ба онҳо муроҷиат мекунад.
Вай афзуд, "номи ҳамаи маҳсулотеро, ки беморон аз онҳо захм мебардоранд, дар хотир надорам, вале ҳоло як нафар омада буд, ки аз "Рексона" баданаш захм бардоштааст. Мо фикр мекунем, ки бисёри ин маҳсулот қалбакӣ ҳастанд ва аз ин рӯ сокинон ба чунин ҳол меафтанд. Инчунин, зиёд буданд нафароне, ки аз рангҳои чиноӣ бар мӯйи сар зарар дидаанд. Дар сарашон ҳар гуна донача пайдо шудааст ё мӯи сарашон рехтааст. Аз атрҳо низ одамони зиёде аллергия мегиранд."
Ба қавли пизишкон, имрӯз дар баробари чунин молиданиҳо, бештари сокинон аз атрҳо низ шиква мекунанд, ки бар асари бӯидани онҳо ҳассосият ё худ аллергия пайдо кардаанд. Аммо ин ҳам дар ҳолест, ки афроди аз атрҳо аллергия пайдонамуда хеле кам ба пизишкон муроҷиат мекардаанд, зеро зарари он танҳо бо сулфа ё хоридани гулӯ номаълум боқӣ мемонад.
Ба назари коршиносон, имрӯз 90 дарсади фурӯшгоҳҳои кишварро атрҳои маснуӣ ва аксаран қалбакӣ ташкил медиҳад. Алиризо, як тоҷири атр дар Душанбе мегӯяд, мавридҳои зиёди мушоҳида кардааст, ки атрҳои қалбакӣ бо тамғаҳои Фаронса аз Покистон ба Тоҷикистон ворид мегардад. Ӯ мегӯяд, чун атрҳои сунъии худсохт нисбат ба атрҳои табиӣ, ки аз равғани гулҳои гуногун омода шудаанд, арзиши пасттар доранд, мардум ба онҳо бартарӣ медиҳанд.
Вай мегӯяд: "Мардум ба он хотир ба атрҳои синтетикӣ рӯ меоранд, ки онҳо арзонанд. Зеро бинобар камбизоатӣ мардум ҳам мехоҳад аз бӯи хуб истифода кунад, ҳам пули кам сарф кунад. Агар ба бозор назар кунем мебинем, ки 90 дар сади атрҳо, ки сунъӣ ва бо спирт омода шудаанд, моли Покистонанд. Агар ба шишаҳои атрҳои фаронсавӣ нигоҳ кунед, онҳо мӯҳри барҷаста доранд, на коғаз. Вале онҳое, ки дар бозор фурӯхта мешаванд, чунин нестанд ва аксаран коғаз доранд."
Чаро ба додгоҳ шикоят намебаранд?
Далели аслии воридоти чунин маҳсулоти зарароварро коршинсон ба сатҳи камбизоатии мардум вобаста медонанд. Аммо чаро пас аз зарар дидан сокинон аз болои ширкатҳои тавлидотӣ ё соҳибкороне, ки ин молҳоро ворид мекунанд, ба додгоҳ шикоят намебаранд?
Саноат Шафиева, зани зарардида, аз чунин навъи маҳсулоти пастсифат мегӯяд, барои шикоят кардан ба додгоҳ моҳҳоро бояд сипарӣ намуд, вале пас аз ин ҳама ба додат мерасанд, ё на касе кафолат дода наметавонад.
Ӯ гуфт, "ба ҳамон марказе, ки доруҳоро санҷиш мегузаронанд, шикоят кардам. Гуфтанд, ки ариза навис ва ба суд муроҷиат кун. Аз рӯи маслиҳати онҳо, бояд ман муддати дуру дарозеро барои ин кор сарф мекардам. Аммо рӯҳан аз осеб дидани рӯям хаста шуда будам ва чунин вақт надоштам. Бовар ҳам надоштам, ки пас аз вақтсарфкуниву пулсарфкунӣ ба додам мерасиданд. Бурдам ҳамон кремро, савдогар зуд гирифт ва пуламро пас гардонд. Дигар ҳеҷ илоҷ надоштам."
Тибқи иттилои расмӣ, касе барои зарар дидан аз маҳсулоти пастсифат тайи як соли ахир дар Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят накардааст. Мақомоти гумруки Тоҷикистон ҳар моҳ тариқи телевизиони давлатӣ аз боздошт ва мусодираи молҳои пастсифат хабар медиҳанд, вале ҳамоно сокинон аз зиёни чунин маҳсулот дар дохили кишвар шиква доранд.
Хонум Саноат мегӯяд, "креми "Нориал Деситинг", ки аз телевизиони Русия реклама мекарданд, аз ҳамон истифода бурдам. Ӯ барои рӯйро зебо нигаҳ доштан буд, вале пас аз истифодаи он рӯи ман захм бардошт ва сафед шуд. То ҳол табобат дорам."
Бемории пӯст аз пардозҳои ороишӣ
Ин ҳам дар ҳолест, пизишкон дар Тоҷикистон аз афзоиши бемориҳои пӯст бар асари истифодаи ҳар гуна ғоза ва пардозҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Ашӯрмад Гулмадов, пизишки бемориҳои пӯст, дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳафтае то се-чаҳор нафар бо чунин иллат ба онҳо муроҷиат мекунад.
Вай афзуд, "номи ҳамаи маҳсулотеро, ки беморон аз онҳо захм мебардоранд, дар хотир надорам, вале ҳоло як нафар омада буд, ки аз "Рексона" баданаш захм бардоштааст. Мо фикр мекунем, ки бисёри ин маҳсулот қалбакӣ ҳастанд ва аз ин рӯ сокинон ба чунин ҳол меафтанд. Инчунин, зиёд буданд нафароне, ки аз рангҳои чиноӣ бар мӯйи сар зарар дидаанд. Дар сарашон ҳар гуна донача пайдо шудааст ё мӯи сарашон рехтааст. Аз атрҳо низ одамони зиёде аллергия мегиранд."
Саноат Шафиева дигар аз харидории маҳсулоти ороишӣ даст кашидааст
"Атрҳои синтетикиро аз табиӣ фарқ намекунанд"Ба қавли пизишкон, имрӯз дар баробари чунин молиданиҳо, бештари сокинон аз атрҳо низ шиква мекунанд, ки бар асари бӯидани онҳо ҳассосият ё худ аллергия пайдо кардаанд. Аммо ин ҳам дар ҳолест, ки афроди аз атрҳо аллергия пайдонамуда хеле кам ба пизишкон муроҷиат мекардаанд, зеро зарари он танҳо бо сулфа ё хоридани гулӯ номаълум боқӣ мемонад.