Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенаторҳои Амрико бо ИА ба Лукашенко посух медиҳанд


Гурӯҳе аз сенаторҳои маъруфи Амрико дархост кардаанд, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бояд ба таври муштарак ва ба таври ҷиддӣ ба саркӯбии тазоҳуркунандагони мухолифони давлати Беларус аз сӯи Александр Лукашенко баъд аз интихобот посух диҳанд. Ин дархост дар номае ба Кэтрин Эштон-раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо матраҳ шудааст, ки дар он 6 сенатори амрикоӣ, аз ҷумла Ҷозеф Либерман, Ҷон макКейн ва Ричард Лугар имзо гузоштаанд. Баъд аз интихоботи 19-ӯми декабр Лукашенко ба саркубии раҳбарони мухолифин ва номзадҳои мухолифин оғоз ва ҳатто баъзе аз онҳоро боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG