Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисҷумҳур ба масоили Рашт таваҷҷӯҳ кард


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи вижаи ҳукумат масоили марбут ба водии Раштро баррасӣ кардааст.

Вай дар ин ҷаласа барои пешрафту ободии водии Рашт, ки дар гузашта яке аз саҳнаҳои ҷанги дохилӣ ва дар панҷ моҳи ахир макони даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи мухолифи давлат буд, даъват намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, то бонкҳо ба соҳибкорони хурду миёнаи водии Рашт қарзҳои боимтиёз диҳанд. Ӯ ба масоили таълиму тадрис дар ин минтақаи Тоҷикистон ҳам таваҷҷӯҳ карда, аз масъулон хостааст, ки дар соли 2011 беш аз 60 синфхона барои макотиби минтақаи Рашт бунёд карда, дуввуним ҳазор китобе, ки барои муҳассилин намерасад, дар тӯли ҳафта дастрас намоянд.

Бино ба хабари торнамои раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди толор ва майдончаҳои варзишӣ ва таъмин намудани чопхонаҳои минтақа бо таҷҳизоти зарурӣ таъкид кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, пахши комили мавҷҳои радио ва телевизиони ҷумҳурӣ дар минтақаи Рашт таъмин гардид.

Ин дар ҳолест, ки дар охирин сӯҳбати худ бо хабарнигорон, раиси Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон гуфт, ба зудӣ пахши барномаҳои радио ва телевизони ҷумҳурӣ дар сартосари Рашт пахш хоҳанд шуд.

Асадулло Раҳмонов гуфт, ширкати «Тоҷиктелеком» муваззаф шудааст, ки таҷҳизоти лозимро харидорӣ карда, ин таҷҳизотро то моҳи феврал дар минтақаи Рашт насб кунад.

Гуфта мешавад, ҳоло фақат як бахши кӯчаки минтақаи Рашт метавонанд барномаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистонро бубинанд.

Ин гуфтугузор дар ҳолест, ки дар як соли ахир минтақаи Рашт саҳнаи амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ будааст.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, акнун давлат мехоҳад бо таваҷҷӯҳ кардан ба мушкили сокинони ин минтақаи Тоҷикистон, ҷои пойи нерӯҳои мухолифи давлат дар ин минтақаро танг бикунад.

Бо ин ҳол, раисҷумҳури Тоҷикистон аз масъулони идора ва вазоратхонаҳои кишвар хостааст, ки дар тӯли даҳ рӯз доир ба дастурҳои ӯ барномаҳо тартиб дода, ҷараёни иҷрои онҳо таҳти назорати қатъӣ бошад.
XS
SM
MD
LG