Абдураҳмон Тағоев, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва узви Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Владимир Ленинро ҷузъе аз таърихи умумии кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон медонад.
Коммунистон: "Набояд беэҳтиромӣ шавад"
Тағоев мегӯяд, "Ленин поягузори давлати Шӯравӣ буд. Мо тарбияи советӣ гирифтаем, ҳамаи ҳукуматдорони имрӯза кадрҳои советӣ ҳастанд. Набояд беэҳтиромӣ кунанд. Мо наметавонем аз таърихи 70-80 соли давлату миллати худ рӯй гардонем."
Аммо мақомоти ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар тавзеҳи тасмими худ барои баркандани ҳайкали Ленин мегӯянд, ин муҷассама арзиши баланди фарҳангию меъморӣ надошта, майдони марказии ноҳия ҷойи он нест.
Умар Мӯҳтоҷев, раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Румӣ, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, муҷассамаи Владимир Ленин дар майдони марказии ноҳияро бояд ҳайкали шоири классик Ҷалолиддини Румӣ иваз бикунад, ки ноҳия низ ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст.
Оқои Мӯҳтоҷев афзуд, "майдони марказии ҳар шаҳру ноҳия бояд ба номи ноҳия ва ба номи абармардони миллати тоҷик номгузорӣ шавад. Мо ҳамин як майдони марказӣ дорем ва он ҳам то ҳанӯз ба номи Ленин аст. Имсол мо 20-умин солгарди истиқлоли давлатиро ҷашн мегирем. Меҳмонони зиёде, аз ҷумла аз Туркия ташриф меоранд. Агар ба ноҳияи мо биёянд, мо бояд муҷассамаи Румиро ба онҳо муаррифӣ кунем. Ин масъала бояд зудҳангом ҳал шавад…"
Мақомоти ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, мегӯянд, муҷассамаи Румӣ то моҳи сентябр дар майдони марказии ноҳия, дар рӯ ба рӯи бинои ҳукумати маҳаллӣ қомат хоҳад афрохт. Меъморон чаҳор эскизи муҷассамаи Ҷалолидини Румиро пешниҳод карда, феълан ҳукумат ва вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин тарҳҳоро арзёбӣ мекунанд.
Сокинон: "Ҳайкали Ленин ёдгорӣ аз Шӯравист"
Ин дар ҳолест, ки сокинони маҳаллӣ мегӯянд, бояд барои ҳайкали Румӣ мавзеъи дигаре интихоб шавад, чун дар миёни хосу ом майдони маркази ноҳия бо муҷассамаи доҳии пролетариатҳои ҷаҳон Владимир Ленин зеб дошта ва ба номи ӯ шинохта шудааст.
Моҳлиқо, сокини 45-солаи ноҳияи Румӣ: "Барои чӣ ҳайкалро мебардоранд? Ин коррро набояд кунанд, мо зид ҳастем. Ленин дар ҳаққи тамоми мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ хизматҳои шоёне кардааст. Вай доҳии пролетариатҳои тамоми ҷаҳон аст."
Ситора Тешаева, ҳамшираи шафқат: "Ҳукумат чаро аз мардум напурсида, хилофи хостаҳои мо ҳайкали Ленинро бармеканад? Ҷонибдор нестам, Ленин як давлат, як сохти давлатдории шоистаеро бунёд кард. Ленин ҳақиқат аст, мо ҳар гоҳе аз назди муҷассамаи ӯ мегузарем, ёди як давраи хуши зиндагӣ мекунем. Майлаш, ҳайкали Румиро гузоранд, аммо дар ҷойи дигар. Майдони Ленин чӣ тавре ки вақти Союз буд, бояд дар ҷойи худаш истад…"
Камол, сокини 25-солаи ноҳия: "Ленин атеист буд, бедин буд. Барои ман, масалан, ҳайкали вайро чӣ кананд ё накананд, он қадар аҳамият надорад. Румӣ мутафаккир буд, ориф буд, муҳимтар аз ҳама - мусулмон буд. Бас аст аз давраи Советӣ, ки бебозгашт аст, ёд овардан. Бояд бо замона ҳамқадам зист…"
Ваъдаи мақомот дар пайи мухолифати сокинон
Аммо ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҳам ба сокинони "норозӣ"-и маҳаллӣ қавл додааст, ки муҷассамаи Ленинро дар мавзеъи дигари канортар аз марказ ҷой хоҳад дод. Аммо то ҳанӯз мавзеъи дигаре барои ҳайкали асосгузори ҳизби коммунистӣ интихоб нашудааст.
Ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ дар гузашта Колхозобод ном дошта, дар чанд соли пеш тағйири ном кард. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, дар ҳоле ки пас аз касби истиқлолият асомии ҳама деҳаву ҷамоату хиёбонҳо табдил шуда, номи Ленину Колхозобод аз онҳо хориҷ гардиданд, муҷассамаи Ленин ба унвони ягона ёдгорӣ аз замони Шӯравӣ дар ин ноҳия бояд боқӣ монад.
Коммунистон: "Набояд беэҳтиромӣ шавад"
Тағоев мегӯяд, "Ленин поягузори давлати Шӯравӣ буд. Мо тарбияи советӣ гирифтаем, ҳамаи ҳукуматдорони имрӯза кадрҳои советӣ ҳастанд. Набояд беэҳтиромӣ кунанд. Мо наметавонем аз таърихи 70-80 соли давлату миллати худ рӯй гардонем."
Аммо мақомоти ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар тавзеҳи тасмими худ барои баркандани ҳайкали Ленин мегӯянд, ин муҷассама арзиши баланди фарҳангию меъморӣ надошта, майдони марказии ноҳия ҷойи он нест.
Умар Мӯҳтоҷев, раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Румӣ, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, муҷассамаи Владимир Ленин дар майдони марказии ноҳияро бояд ҳайкали шоири классик Ҷалолиддини Румӣ иваз бикунад, ки ноҳия низ ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст.
Умар Мӯҳтоҷев
Мақомот: "Мо бояд Румиро муаррифӣ кунем"Оқои Мӯҳтоҷев афзуд, "майдони марказии ҳар шаҳру ноҳия бояд ба номи ноҳия ва ба номи абармардони миллати тоҷик номгузорӣ шавад. Мо ҳамин як майдони марказӣ дорем ва он ҳам то ҳанӯз ба номи Ленин аст. Имсол мо 20-умин солгарди истиқлоли давлатиро ҷашн мегирем. Меҳмонони зиёде, аз ҷумла аз Туркия ташриф меоранд. Агар ба ноҳияи мо биёянд, мо бояд муҷассамаи Румиро ба онҳо муаррифӣ кунем. Ин масъала бояд зудҳангом ҳал шавад…"