Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музди кори омӯзгорон ва табибони қирғиз афзуда мешавад


Азимбек Отамбоев, нахуствазири Қирғизистон ваъда дод, ки музди кори омӯзгорон ва табибону парасторон аз якуми майи ҳамин сол ба таври чашмгир боло бурда хоҳад шуд. Ӯ дирӯз ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумат тақрибан 10 миллиард сом, баробар бо 210 миллион доллари лозим барои боло бурдани музди кори муаллимону табибонро пайдо кардааст. Моҳи декабри соли гузашта омӯзгорони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар Қирғизистон, ки музди корашон аз 30 то 40 долларро ташкил медиҳад, бо талаби афзоиши маош, коршиканӣ карданд. Табибони қирғиз ҳам гуфтаанд, ки агар музди корашон афзуда нашавад, ба омӯзгорони пайравӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG