Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаоҳо алайҳи муовини собиқи вазири фарҳанги Эрон


Яке аз ҳамкорони собиқаш, Муҳаммадалӣ Ромин, муовини вазири фарҳанги Эронро, ба сӯистифода аз кӯмакҳои молӣ барои нашри рӯзномаҳо муттаҳам кардааст. Ба гузориши Радиои Фардо, рӯзномаи “Мардумсолорӣ” аз қавли Муҳаммад Ҳусейн Хушвақт, раҳбари пешини дафтари матбуоти вазорати фарҳанг навиштааст, Муҳаммадалӣ Ромин 125 ҳазор доллар кӯмаки молиро ба нашрияе додааст, ки ҳеҷ гоҳ чоп нашудааст. Дар замони муовинаташ ӯ ҳамчунин 40 дар сади ёронаҳо барои чопи рӯзномаҳо дар Эронро танҳо ба 5 рӯзномаи тарафдори ҳукумат тақсим кардааст. Муҳаммадалӣ Ромин аз моҳи ноябри соли 2009 то моҳи декабри соли 2010 муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон буд.
XS
SM
MD
LG