Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайриддин Азизовро боздошт кардаанд


Мақомоти Тоҷикистон боздошти Сайриддин Азизов, аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар ноҳияи Раштро тасдиқ карданд. Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохила рӯзи чоршанбе дар нишасти хабарии вазораташ гуфт, Сайриддин Азизов ҳанӯз рӯзи 15 январ дастгир шуд.
Гуфта мешавад, фармондеҳи собиқро ба паноҳ додан ба маҳбусони фирорӣ ва ҳам размандагоне, ки аз хориҷ вориди водии Рашт шудаанд, муттаҳам мекунанд. Сайриддин Азизов аз ҷумлаи онҳоест, ки моҳи октябр ҳамроҳи 31 тан аз ёрони Мирзохӯҷа Аҳмадов ба тарафи ҳукумат гузаштанд.
XS
SM
MD
LG