Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин нишасти ҳукумати ваҳдати миллии Тунис


Ҳукумати ваҳдати миллии Тунис имрӯз нахустин нишасташро баргузор мекунад. Вале чаҳор номзади мухолифин ҳайъати ин ҳукуматро тарк карданд. Онҳо Муҳаммад Ғанушӣ, нахуствазири муваққатро интиқод карданд, ки теъдоди зиёди шарикони Зайнулобиддин Бин Алӣ раисаи ҷумҳури барканоршударо дар ҳукумат нигоҳ доштааст. Дар талоше барои фосила гирифтан аз Бин Алӣ, Муҳаммад Ғанушӣ гуфт, ӯ ва раиси ҷумҳури муваққати Тунис аз ҳизби ҳоким хрориҷ шудаанд. Ба гуфтаи ҳукумат дар ошӯбу нооромиҳои чанд рӯзи гузашта 78 нафар кушта шудаанд ва хисорот ба иқтисод 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG