Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинии бенатиҷаи Рақибовҳо


Мақомоти Тоҷикистон хонаводаи Рақибовҳоро пас аз як рӯзи гуруснанишинӣ дар назди дафтари омбудсмен ба Файзобод интиқол доданд.

Атобулло Рақибов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қабл аз интиқоли ӯву аҳли оилааш аз Душанбе кормандони милисаи Файзобод ваъда додаанд, ки қазияашро бо мақомоти зидахли ноҳия баррасӣ хоҳанд кард.

Ӯ афзуд: «Аммо вақте ба ноҳия расидем, раиси маҳалламонро даъват кардаанд. Аз дасти онҳо чӣ меояд? Мо қабули раиси ҳукуматро талаб кардем. Аммо ба мо гуфтанд, ки ӯ дар маҷлиси ҳукумат аст ва ҳамин ки омад, имрӯз аст, пагоҳ аст, туро даъват мекунем ва масъалаатро мебинем. Хулоса, ҳиҷ чӣ нашуд».

Рӯзи 17 январ Атобулло Рақибов бо аҳли оилааш бори дуввум ба дафтари ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон омада, даст ба гуруснанишинӣ заданд ва шабро дар долони дафтар рӯз карданд.

Шикояти омбудсмен аз «бетартибӣ»-и Рақибовҳо


Оқои Рақибов мегӯяд: «Пагоҳ баъд аз соати 8 боз милисаҳои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт омаданд. Аз дафтари омбудсмен ба милиса шикоят кардаанд, ки инҳо бетартибӣ карданд, ҳуқуқи моро нақз карданд, рафтори дағал карданд».

Оилаи Рақибовҳо, иборат аз волидайн ва 5 фарзанди аз 6 то 16-сола то зӯҳри 18 январ дар шӯъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор доштанд ва пас аз он аз сӯи кормандони милисаи Файзобод ба ин ноҳия интиқол ёфтанд.

Баҳси Атобулло Рақибов бо ҳукумати ноҳияи Файзобод рӯи замин ду соли қабл шурӯъ шудааст. Баҳсҳо дар додгоҳи ин ноҳия ба нафъи ҳукумат и Файзобод анҷом ёфтанд. Додгоҳи Олӣ ва Додгоҳи конститутсионӣ низ қарори додгоҳи ноҳияро бетағйир гузоштанд. Ба ҳамин минвол, бо қарори додгоҳ санади замин ва манзили бунёдкардаи Рақибовро ғайриқонунӣ эълон дошта, соли 2009 замони дар Русия дар мардикорӣ будани Рақибов мақомоти ноҳия 7 ҳуҷраи хонаи 8-ҳуҷраии ӯро бидуни огаҳӣ хароб карданд.


Баҳси манзили як хонавода


Атобулло Рақибов мегӯяд, санади заминаш соли 1997 муштарак бо 10 нафари дигар гирифта шуда, будубошаш қонунӣ аст. Ба қавли Рақибов, шарикони ӯ бо мақомот мушкил надоранд ва дар замини худ ба сар мебаранд.

Ҳукумати ноҳияи Файзобод ба Рақибов ваъда додааст, ки замин ҷудо мекунад, аммо вай гуфт, дар ҳоле пешниҳоди мақомотро қабул медорад, ки ҷуброни хонаи тахрибдидааш пардохта шавад. Ҳоло оилаи 7-нафараи Рақибовҳо дар як ҳуҷраи бозмонда аз манзилашон ба сар мебарад.

Дафтари ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ё омбудсмен, ба қавли оқои Рақибов, охирин умедвории ӯ будааст, ки ҳоло ӯро ноумед кардааст. Ин ниҳод пас аз баррасии шикояти хонаводаи Рақибовҳо эълом дошт, ки дар ин қазия нақзи ҳуқуқи инсон вуҷуд надорад.

Масъули дафтари омбудсмен: «Ман салоҳият надорам»

Муқим Ашӯров, масъули дафтари ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки қазияи Рақибовҳоро баррасӣ кардааст, аз сӯҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карда, танҳо афзуд, ки барои тавзеҳи мавзӯъ салоҳият надорад.

Аммо дар мактубе, ки дафтари ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба Атобулло Рақибов додааст, қарорҳои додгоҳи ноҳияи Файзобод ва хулосаҳои додгоҳҳои оливу назоратӣ дуруст шуморида шудаанд. Ба ҳамин минвол, суолҳои норӯшани қазияи хонаводаи Рақибовҳо боз бепосух мондаанд.

Коршиносон мегӯянд, дафтари ваколатдори ҳуқуқи башар, ки аз соли 2009 ба ин сӯ фаъолият дорад, то ба ҳол коре накардааст, ки боиси таваҷҷӯҳи ҷомеа қарор гирифта бошад.

Интиқод аз омбудсмени Тоҷикистон

Абдуқаюм Юсуфов, коршинос дар умури ҳуқуқ мегӯяд, тибқи Қонуни ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки соли 2008 ба тасвиб расидааст, ваколатҳои ин ниҳод ва механизмҳои фаъолияти он саҳеҳ муайян нашудаанд.

Вай афзуд: «Дигар ин ки сарвари ин ниҳод аз сӯи президент таъин мешавад, сармоягузориаш аз ҳисоби буҷа аст. Пас мешавад хулоса кард, ки он ҳеҷ гоҳ муқобили ҷараён ҳаракат нахоҳад кард».

Коршиносон мегӯянд, қазияи оилаи Рақибовҳо танҳо мавриди бебарор анҷом ёфтани муроҷиатҳои сокинони кишвар ба дафтари ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон нест. Онҳо мегӯянд, ин ниҳод ҳанӯз хусусияти ташрифотии худро нигоҳ медорад.
XS
SM
MD
LG