Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи таъқиби гурӯҳи "Камол" дар Тоҷикобод


Дар ноҳияи Тоҷикобод ба таъқиби гурӯҳи Маҳмадкарим Иброҳимов, мулаққаб ба «Камол» пардохтаанд. Абдуғаффор Амонов, муовини раҳбари шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Тоҷикобод, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иқдомот дар чаҳорчӯби амалиёти хунсо кардани боқимондаҳои гурӯҳи Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ сурат мегирад, вале то кунун кадом даргирие бо аъзои ин гурӯҳ мушоҳида нашудааст.
Ба гуфтаи мақомот, Маҳмадкарим Иброҳимов 35 сол дошта, зодаи деҳаи Муллотемури ноҳияи Тоҷикобод аст.
Амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар водии Рашт аз моҳи сентябр ба ин сӯ идома дорад. Алии Бедакӣ ва 7 тан аз ёронаш рӯзи 4 январ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG