Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии Атовулло Рақибов ва хонаводааш аз боздошт


Аҳли хонаводаи Атовулло Рақибов, сокини рустои Заркамари ноҳияи Файзобод, ки имрӯз дар назди дафтари кори омбудсмени Тоҷикистон Зариф Ализода боздошт шуданд, раҳо ёфта, ба Файзобод баргаштаанд. Атовуллоҳ Рақибов, ки алайҳи тахриби манзилаш чандин бор эътироз кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш шабро дар ҳамин дафтар рӯз карданд.
Ин хонавода то зӯҳр дар шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар боздошт қарор дошт.
Мақомоти Файзобод манзили Рақибовро дар соли 2009 тахриб ва дар иваз ба ӯ порчаи нави заминро ваъда кардаанд. Вале ӯ мегӯяд, маблағи сохтмони хонаи навро надорад.
XS
SM
MD
LG