Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Обама аз нахустин айбномаи додгоҳи Ҳарирӣ


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз нахустин айбномаи расмӣ дар парвандаи қатли сарвазири собиқи Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ истиқбол кард. Обама ин айбномаи додгоҳи вижаи СММ-ро гоми муҳим дар роҳи хатми марҳалаи беҷазо мондани қотилон дар Лубнон ва таъмини адолат барои мардуми ин кишвар номид.
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, мухолифини ин трибунал мехоҳанд, ки интихоб фақат байни адолат ва суботи Лубнон бошад. Дар ҳафтаи гузашта, гурӯҳи ситезаҷӯи Ҳизбуллоҳ ва муттаҳидинаш ҳукумати Саъд Ҳарирӣ, фарзанди Рафиқ Ҳаририро барандохтанд.
XS
SM
MD
LG