Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлати муваққати Тунис муаррифӣ шуд


Муҳаммад Ал-Ғаннушӣ, нахуствазири Тунис рӯзи душанбе аъзои давлати ваҳдати миллии Тунисро эълом кард.

Гуфта мешавад, дар миёни вазирони интихобӣ, чаҳор вазири давлати Зайналобидин бин Алӣ, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар дар симмати худ боқӣ мондаанд.

Барпояи гузоришҳои мунташиршуда, пас аз он, ки Муҳаммад Ал-Ғаннушӣ, нахуствазир ва Фуод Ал- Мубаззаъ, раиси ҷумҳури муваққат бо аҳзоби мухолиф дар рӯзи якшанбе ба тавофуқ даст ёфтанд, вузарои дохила ва хориҷаи давлати Бин Алӣ дар кобинаи ҷадид дар симмати худ боқӣ монданд.

Дар ҳамин ҳол Ассошиатэл Пресс гузориш додааст, ки вазирони дифоъ ва иқтисоди давлати пешин низ дар давлати ҷадид ҳузур хоҳанд дошт.

Бар пояи гузоришҳои ин хабаргузорӣ, аз миёни аҳзоби мухолиф, вазорати тавсеаи маҳаллӣ ба Аҳмад Наҷиб Аш-Шобӣ, бунёдгузорӣ Ҳизби демократики мутараққӣ расидааст.Дар давлати ҷадид ҳамчунон аҳзоби исломӣ ва коммунист, ки дар Тунис ғайри қонунӣ будаанд, саҳме нахоҳанд дошт.

Рӯзи душанбе нооромиҳо дар Тунис идома пайдо кард. Тазоҳуркунандагон дар ин рӯз дар атрофи қароргоҳи ҳизби ҳокими ин кишвар таҷаммӯъ карда ва ба таркиби давлати муваққат ва ҳузури вафодорорни давлати Бин Алӣ дар ин давлат эътироз карданд. Муътаризон дар шиорҳои худ хостори барканор рафтани ҳамаи аъзои ҳизби ҳоким аз идораи мансабҳои давлатии ин кишвар шуданд. Ҳизби ҳокими Тунис ба муддати 50 сол аст, ки дар низомии яккаҳизбии ин кишвар, ҳукмронӣ дорад.

Бар пояи гузоришҳои мунташиршуда, рӯзи душанбе низ ҳузури сангини танкҳои артиш ва нерӯҳои амниятӣ ҳис мешуд, ки дар бархе минтақаҳо ба даргирӣ бо тазоҳуркунандагон анҷомид.

Зайналобидин бин Алӣ, пас аз худсӯзии як ҷавон дар рӯзи 17-уми декабр, ки шӯълаи эътирозҳои саросариро барафрӯхт, саранҷом дар рӯзи ҷумъаи 14-уми январ кишварро пас аз 23 соли ҳокимият тарк кард ва ба Арабистони Саудӣ паноҳ бурд.

Гузориш шудааст, ки дар Мавританиё ва ба тақлид ба ин ҷавони тунисӣ, фарде худро дар муқобили парлумон ба оташ кашидааст. Дар Миср низ як нафар дар баробари парлумон иқдом ба худсӯзӣ кардааст. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин ду нафар пас аз иқдоми худсӯзӣ, зинда мондаанд. Дар рӯзҳои ахир, дар Алҷазоир низ чаҳор мавриди иқдоми худсӯзӣ дар маҳзари умум гузориш шудааст.
XS
SM
MD
LG