Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай аз Маскав боздид ва бо Медведев мулоқот мекунад


Сиёмак Ҳиравӣ-сухангӯи Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, оқои Карзай ба нақша гирифтааст, ки ҳамин ҳафта аз Маскав боздиди дурӯза анҷом диҳад. Ин боздид 20-21-ӯми январ рӯзҳои панҷшанбеву ҷумъа анҷом хоҳад гирифт. Дар ҷараёни ин боздид раиси ҷумҳури Афғонистон бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия музокира анҷом медиҳад. Интизор меравад, ки дар музокирот ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар, аз ҷумла таъмини Афғонистон бо маводи сӯхт баррасӣ шавад. Соли 1979 нируҳои Шӯравӣ ба Афғонистон дохил шуданд ва дар натиҷаи ҳимояти Амрико аз мухолифони афғон пас аз 10 сол Шӯравӣ маҷбур шуд Афғонистонро тарк кунад. Баъд аз суқути Толибон дар соли 2001 дар Кобул муносиботи Русия бо Афғонистон беҳбуд ёфтааст.
XS
SM
MD
LG