Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳуд Барак ташкили ҳизби нави худро эълон кард


Эҳуд Барак-вазири дифои Исроил имрӯз эълон кард, ки Ҳизби Коргарро тарк мекунад. Вай аз соли 2007 ба ин сӯ раҳбарии ин ҳизбро бар ӯҳда дошт. Эҳуд Барак гуфт:

"Ман субҳи имрӯз дархостамро ба Кнессет ё порламон пешниҳод кардам, ки моро чун ҷиноҳи нав бишносанд. Ман онро ҷиноҳи мустақил медонам. Мо имрӯз мустақил мешавем. Мо имрӯз ҷиноҳ ташкил медиҳем, ҷунбиш ташкил медиҳем ва сипас ҳизб, ки марказгаро, саҳюнист ва демократӣ бошад".


Эҳуд Барак гуфт, сабаби чунин тасмимаш он аст, ки вай бо номи "Истиқлол" ҳизби дигаре ташкил медиҳад. Чаҳор нафари дигар аз намояндагони порламони Исроил ба ҳизби нав хоҳанд пайваст. Ҳизби Коргар дар эътилофи ҳукумати нахуствазир Бенямин Нетаняҳу севвумин ҳизби бузург ба шумор меравад. Радиои Исроил аз қавли нахуствазир гуфтааст, ки чунин тасмими Эҳуд Барак суботро дар эътилоф таъмин хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG