Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаҳои се муовини раисони ноҳияҳо


Муовинони раиси якбора се шаҳру ноҳияи калонтарини вилояти Хатлон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Додситонии вилояти Хатлон нисбат ба Шамсулло Раҷабалиев, муовини раиси ҳукумати Қӯрғонтеппа, Ҳамроҳ Раҳимов, муовини раиси ноҳияи Бохтар ва Шамсиддин Саидов, муовини раиси ноҳияи Вахш бар асоси чанд банди кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла бемасъулиятӣ ва тақаллуби аснод, парвандаҳои ҷиноятӣ боз кардааст.

Ин се нафар дар ҳудуди шаҳр ва навоҳии худ раисии камиссиюни тақсими заминро ба ӯҳда доштаанд.

Фаридун Миров, сардори шӯъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳимми додситонии Хатлон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ахиран додситонӣ ризоияти маҷлисҳои маҳаллии вакилонро барои ба муҷозот кашидани муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо дарёфт кардааст.

Ҷаноби Миров афзуд: «Бо сабаби ба ин мансабдорон пешниҳод шудани парвандаҳои заминсозии қалбакӣ, ки дар он заминҳои обӣ ҳамчун заминҳои ғайрикишоварзӣ қайд шуда буданд, онҳо мувофиқи ваколатҳо ва масъулияташон дар ҳайати комиссия санҷиш нагузаронида, хунукназарӣ зоҳир карда, ба ин ҳуҷҷатҳо имзо мегузоштанд, ки дар натиҷа заминҳои обӣ ба шаҳрвандон ғайриқонунӣ тақсим шудаанд. Масалан, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ба санаде имзо гузоштааст, ки тибқи он майдони варзишии мактаби ҳамагонӣ дар шаҳр хусусӣ шудааст».

Фурӯши ғайриқонунии замин

Фаридун Миров, масъули додситонии вилояти Хатлон
Фаридун Миров, корманди масъули додситонии Хатлон, мегӯяд, дар баробари муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин даҳҳо корманди масъули ҳукуматҳои маҳаллӣ дар робита ба хариду фурӯши ғайриқонунӣ, ё ихтисос додани қитъаҳои замини обӣ ба шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Шамсулло Раҷабалиев, муовини раиси Қӯрғонтеппа, аз шарҳи парвандае, ки алайҳи ӯ боз шудааст, худдорӣ кард. Вай танҳо гуфт, ахиран бо хоҳиши худ аз мақоми вакилӣ дар маҷлиси вакилони мардумии Қӯрғонтеппа даст кашидааст. Ҳоло ҷаноби Раҷабалиев дар мураххасӣ буда, барои ҳифзи ҳуқуқаш аз хизмати вакили мудофеъ истифода мекунад. Муовинони руасои навоҳии Бохтару Вахш низ дар робита ба парвандаҳои ҷиноияшон сӯҳбат намекунанд.

Мақомоти додситонӣ дар соли гузашта 44 мавриди хариду фурӯши ғайрирасмии заминро ошкор карда, 187 ҳектор замини ба шаҳрвандон фурӯхташударо дубора ба тавозуни давлат баргардониданд. Дар ин муомилоти ғайриқонунӣ наздики 2 миллион сомонӣ сарф шудааст, асосан аз кисаи шаҳрвандони қаторӣ.

"Намегузоранд, арзамро ба раиси ноҳия бигӯям"

Оиша Худододова, сокини ноҳияи Хуросон, яке аз садҳо нафарест, ки бо дархости ихтисоси қитъаи замин тӯли солҳо дари ҳукумати маҳаллиро мекӯбад. Аммо вай мегӯяд, ҳар бор ӯро бо баҳонаҳои гуногун аз бинои ҳукумат берун мекунанд:

«Ман чанд моҳ аст, ки ба ҳукумат меоям, аммо ҳар боре монеъ мешаванд, намегузоранд, арзамро ба раиси ноҳия бигӯям. Мегӯянд, мумкин нест. Дар ҳамин чанд соли кори раис ҳоло ягон бор наздаш надаромадаам».


Дар баробари хонум Худододова даҳҳо сокинони маҳаллӣ ҳамоно умед дорад, ки масъулони ҳукуматҳо ниёзмандиҳои онон ба заминро мунсифона арзёбӣ карда, дигар заминро ба як воситаи тиҷорат табдил намедиҳанд.

Муҷозоти кормандони Кумитаи заминсозӣ

Хабари ифтитоҳи парванда алайҳи муовинони раиси ҳукуматҳо дар ҳоле нашр мешавад, ки ба гуфтаи Фатҳулло Ҳурматов, раиси кумитаи заминсозии вилояти Хатлон, дар соли сипаришуда даҳҳо корманди масъули ин кумитаро дар шаҳру навоҳии вилоят ба муҷозот кашидаанд. Ҷаноби Ҳурматов гуфт, ин ҳам дар ҳоле, ки кормандони кумитаи замин бидуни амри нафарони аввали ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳеҷ санадеро ба тасвиб намерасонанд.

Ӯ гуфт: «Чаро гуноҳро танҳо ба сари масъулони кумитаҳои заминсозӣ мезананд. Ҳама гапро гуфта намешавад, ҳолатҳое мешавад, ки кормандони моро дар маҳалҳо маҷбур мекунанд, ки ба ҳамин кор раванд. Нобаробариҳо бисёр аст дар ҷамъият. Бояд аз мансабдорони болоӣ ҳам пурсида шавад, ки чаро ва чигуна ҷиноёти вобаста ба замин содир шудаанд? Бо ин вуҷуд мо дар соли гузашта то 30 парвандаро оид ба қонуншикании кормандони кумитаҳои заминсозии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ошкор ва ба мақомоти додситонию ожонсии зиддифасод пешниҳод кардем».

Ин ҳам дар ҳолест, ки додситонии Хатлон мегӯяд, дар соли 2010-ум дар робита ба хариду фурӯш ё тақсими ноодилонаи замин аз ҷумла 70 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 82 нафар шахсони мансабдор ифтитоҳ кардааст.
XS
SM
MD
LG